Дар нимсолаи аввали соли 2023 дар вилояти Суғд 307 ҳодисаҳои фавқулодаи хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 77 нафар ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Холмаҳмад Раҷаббойзода, сардори шӯъбаи оперативӣ ва сафарбарии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи манбаъ, маблағи зарар 8 миллиону 951 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Раҷаббойзода мегӯяд, дар ҳудуди вилоят давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 23 нафар дар об ғарқ шудаанд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта як нафар кам мебошад.

Ҳамзамон, дар ин давра 6 нафар аз ғарқшавӣ наҷот дода шудаанд.

Аз ҷумла, ин масъули Раёсати КҲФ-и вилоят  дар нимсолаи аввал дар бораи ҳодисаи фавқуллодаи серхисорот маълумот дод.

- 27-уми феврали соли 2023 дар километри 127-уми шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ, дар натиҷаи фаромадани тарма 5 нафар ба ҳалокат расида, 1 нафар ҷароҳат бардоштааст;

- 23-юми март дар натиҷаи заминларза дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 319 хона зарар дида, 4 хона пурра хароб ва 53 хона қисман вайрон гардидаанд.  Ҳамчунин, 330 адад иншооти ёрирасон, аз ҷумла соҳаи маориф, тиб ва дигар хоҷагии халқ, 75 км роҳҳои маҳаллӣ, хатҳои интиқоли барқ, иншооти обёрикунанда зарар дида, 39 чорво талаф ёфтааст. Маблағи умумии хисорот 4 млн 188 ҳазору 970 сомониро ташкил додааст.

- 2-юми апрел дар ноҳияи Б. Ғафуров бар асари боришоти зиёд ва омадани сел 380 ҳазор сомонӣ зарар ворид шудааст;

- аз 11 то 16-уми май бар асари омадани сел дар ҷамоати деҳоти Урметан, деҳаҳои Дарраз, Шамтуҷ, Фондарё, Анзоб наздики 428 ҳазор сомонӣ зарар расидааст;

- 13-уми июни соли равон дар ноҳияи Деваштич, дар ҷамоати деҳоти Росровуд, бар асари омадани сел 1 хона зарар дида, 5 иншооти ёрирасон, беш аз 22 км роҳҳои маҳаллӣ ва 6 гектар заминҳои кишвоварзӣ хароб гардидаанд. Маблағи зарар 660 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2022 дар ҳудуди вилояти Суғд 276 ҳодисаи фавқулода ба қайд гирифта шуда, 81 нафар ба ҳалокат расида буданд. Маблағи зарар 10 миллиону 962 ҳазору 392 сомониро ташкил медод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.