Дар як партовгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ тифли навзод дарёфт шуда, ҳангоми бурдан ба бемористон ҳалок шудааст. Ин ҳодисаи даҳшатовар сарусадои зиёдеро дар ҷомеа ба бор овард.

Маълумот дар бораи ин ҳодиса бори аввал дар шабакаи иҷтимоии Facebook дар саҳифаи Ирода Акрамова нашр шуд. Дар навиштаи худ ӯ чунин хабар дода буд:

“Имрӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ як ҳодисаи мудҳиш рух дод. Дугонаам дар партовгоҳ тифли навзод дарёфтааст. Ӯро дар рег гӯр карданд, то касе набинад ва ӯ ҳалок шудааст. Вай кӯдакро ба милитсия дода, онҳо ӯро ба беморхона бурданд. Мутаассифона, бар асари гармии шадид ва бе об мондани ҷисм, кӯдак фавтид. Тафсилотро ҳоло намедонам, шояд дугонаам дертар дар ин бора нависад”.

Хабарнигори “Азия-Плюс” барои рӯшанӣ андохтан ба ҷузъиёти ин масъала бо ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ тамос гирифт.

Аммо дар он ҷо ин маълумотро на тасдиқ карданду на инкор ва тавсия доданд, ки ба маркази матбуоти ВКД муроҷиат кунем.

ВКД хомӯш аст

Мо ба сардори маркази матбуот Нусратулло Маҳмадзода муроҷиат кардем. Дар гуфтугӯи телефонӣ ӯ изҳор намуд, ки дар бораи ин ҳодиса маълумот надорад ва маслиҳат дод, ки бо маълумоти дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда эҳтиёткорона муносибат намоем.

Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки агар дар бораи ин далел маълумот пайдо шавад, он дар сомонаи ВКД нашр хоҳад шуд.

Пас аз як ҳафта “Азия-Плюс” талош кард, ки такроран бо сардори маркази матбуоти ВКД дар тамос шавад, лекин дар муддати қариб ду рӯз ин муяссар нашуд.

Дар ҳамин ҳол, мо бо Белла Неъматова, раиси маҳаллаи “Шаҳраки Сомониён” гуфтугӯ кардем. Ӯ хабар дод, ки ду духтар рӯзи 11 июл тифли навзоди зиндаро дар партовгоҳи кӯчаи Сомонӣ дарёфт карда, назди ӯ овардаанд.

Пас аз ин зан ӯро дарҳол ба беморхона мебарад. Бо вуҷуди дар барокамера гузоштани кӯдак, наҷоти ӯ муяссар нашудааст.

Сурат аз саҳифаи Ирода Акрамова дар Facebook

Неъматова зикр кард, ки дар бораи тафтишот маълумот надорад ва ба мо ракқамҳои телефони сарнозири минтақавии милитсияро дод, ки дар шуъбаи милитсия ба ин кор машғул аст.

Дар гуфтугӯ бо телефон сарнозир хабар дод, ки дар рухсатӣ аст ва рақами телефони ҳамкори дигарашро дод. Ӯ ба зангҳои сершумори мо ҷавоб надода, баъдан телефони худро қатъ кард.

Ба ин тариқ, аз замони дарёфти тифли навзод - 11 июл як ҳафта сипарӣ шуд, лекин дар ин бора натанҳо расман хабар дода нашуд, балки ҳоло маълум ҳам нест, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ё не.

Тоҷикистониён муҷозот талаб мекунанд

Корбарони шабака зикр мекунанд, ки пайдо шудани тифли навзод дар партовгоҳ як ҳушдори нигаронкунандаест дар бораи мушкилоте, ки кӯдакони беҳимоя ба он дар Тоҷикистон дучор мешаванд.

Далелҳои мазкур тафтишоти таъҷилӣ ва рӯйи даст гирифтани тадбирҳоро барои пешгирӣ аз такроран рух надодани чунин ҳодисаҳо тақозо мекунанд.

“Муҳим он аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои давлатӣ ба тафтиши ин қазия фаъолона машғул шуда, далелҳоро муайян намоянд ва ҳолатҳоеро, ки ба чунин оқибати ғамангез боис гардидаанд, ошкор созанд. Бояд гунаҳкорон ҷазо гирифта, аз такрори ин гуна ҷиноятҳои бераҳмона нисбат ба кӯдакон пешгирӣ карда шавад”, - чунин аст талаби корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.