Моҳи гузашта мақомоти милитсия бо кадом сабабе дар бораи делели марги ӯ хабар надода, пайвандону наздиконаш мегӯянд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо онҳо дар робита нашуда, дар шаҳр бошад, овозаҳои гуногун гаштугузор доранд.
Дар ин парванда бисёр чизҳо нофаҳмову пӯшида аст.
Аз замон дарёфти ҷасади Анна Абдувалиеваи 37-сола соати 10-субҳи рӯзи 22 июн дар дарёи Душанбе, назди тарабхонаи “Форел” зиёда аз 1 моҳ сипарӣ гашт.
Ин ҳодиса боиси нигаронӣ дар ҷомеа шуд, лекин то ҳол дар бораи ин далел маълумоти расмӣ нест. Ҳатто дар бораи далели пайдо шудани ҷасад маълумоти ВКД ҷой надорад.
Модари зани фавтида Галина Абдувалиева мегӯяд, намедонад, ки ба куҷо муроҷиат кунад.
Ба гуфтаи ӯ, баъди чанд рӯзи фавтидани духтараш ӯ ба прокуратураи ноҳияи Сино муроҷиат кардааст, то ки аз натиҷаҳои тафтишот огаҳӣ ёбад. Дар ин ҷо ба вай гуфтаанд, ки ҳоло тафтишот идома дорад ва баъдан ба ӯ аз натиҷаҳояш хабар медиҳанд. Ҳамчунин гуфтаанд, ки дар муддати 5-10 рӯз натиҷаҳои ташхис ҳам маълум мешаванд.
Ӯ интизор шуда, дар муддати беш аз 10 рӯз ба ӯ занг назадаанд. Дар натиҷа ин дафъа ӯ бо адвокат ба прокуратура омадаст. Лекин ин дафъа низ ба онҳо чизи мушаххасе хабар надодаанд. Яке аз кормандоне, ки худро муаррифӣ накардааст, изҳор доштааст, ки муфаттиши масъул ба ин парванда ба Прокуратураи генералӣ гузаронида шудааст.
Баъдан дар ҳамин ҷо ба модари фавтида хабар додаанд, ки парванда қатъ шудааст.
Бо дархости адвокат парвандаро барои шиносӣ ба ӯ додаанд, лекин дар ин вақт дигар кормнадони прократураи Сино омода, маводи парвандаро аз дасти ӯ гирифтаанд ва гуфтаанд, ки онро ба прокуратураи шаҳр фиристодан лозим аст.
То ин дам ба Галина Абдувалиева маълум шудааст, ки парванда дар прокуратураи ноҳияи Сино қарор дорад, лекин дар кадом марҳила маълум нест. Ҳозир адвокати ӯ рӯйи он кор мекунад.
Ба гуфтаи ин зан, ин “ба ин ҷову он ҷо гузаронидани парванда” ва мақоми номаълуми он шубҳа ва гумонҳои ӯро зиёд мекунад.
“Аз замони пайдо шудани ҷасади Аня ва тоҳ озир касе аз кормандони милитсия ба хонаи мо наомада, бо мо суҳбат накардааст. Моро ҳатто даъват накарданд. Яона чизе, ки дар рӯзи аввал сурат гирифт, мо баёнот навиштем ва тамом”, - ҳикоят кард зан.
Бедаракшавии пурасрор
Ба гуфтаи модари марҳум, рӯзи маргаш духтараш дар назди дугонааш Оксана Пак будааст. Ин дугонааш, мегӯяд Галина Абдувалиева, ба ӯ гуфтааст, ки онҳо шоми ҳамон рӯз дар хонаи Оксана шароб нӯшиданд.
Дӯсти духтар, ба гуфтаи Галина, иддао дорад, ки ӯ дар хотир надорад, ки чӣ ҳодиса рух дод. Вай танҳо гуфтааст, ки соати яки субҳ ба соҳил, воқеъ назди ипподром рафтаанд. Дар он ҷо мошини роҳгузарро нигоҳ доштаанд. Ин вақт вазъи Оксана бад шуда, онҳо назди дарё баргаштаанд.
Оксана назди об фаромада, Анна дар болотар, канори роҳ мондааст.
Вақте ки Анна ба ҷое, ки он ҷо Анна монда буд, бармегардад, дугонааш аллакай дар он ҷо набуд. Сипас ӯ ба як дӯсти оилаашон занг мезанад, то ки дар бораи гум шудани Анна хабар диҳад.
"Дӯсташ, ба гуфтаи Оксана, гӯё пас аз 15 дақиқа омада, ӯро ба хонааш мебарад ва ӯ дарҳол хобаш бурдааст", - мегӯяд Галина Абдувалиева. Дар ҳамин ҳол, зан тахмин мекунад, ки Оксана шояд чизеро пинҳон карда, намегӯяд, аммо маҳз чиро, ӯ дақиқ намедонад.
Ҳолатҳои фоҷиавии нопадид шудани Анна ва амалҳои нофаҳмои дугонааш барои наздикони марҳум саволҳои зиёдеро ба миён меорад.
Ба онҳо маълум нест, ки чӣ гуна мошин духтаронро овардааст ва сипас ба куҷо ғайб задааст. Маълум нест, ки чаро Оксана модари дугонаашро дар бораи гум шудани ӯ огоҳ накардааст. Ба ҷои ин, субҳи рӯзи дигар, бе он ки ба оилаи Анна занг занад, то бифаҳмад, ки вай ба хона баргаштааст ё не, вай ба мақомоти милитсия муроҷиат кардааст.
Дар ҳамин ҳол, атрофи далели марги зан аллакай овозаҳо хеле зиёд шудааст: мувофиқи яке аз онҳо, худи Анна метавонист дар пасманзари ҷанҷол бо шахси сеюм худро ба дарё партояд. Дуюм, вай метавонист мувозинаташро гум карда, тасодуфан ба дарё афтад. Сеюм, дар марги зан кадом як додситон (прокурор) даст дошта метавонад.
Фарзияи охир бо таваҷҷуҳ ба махфӣ будани парванда ва дар ин бора ҳатто ба модари марҳум иттилоъ надодани мақомоти интизомӣ, бештар аз ҳама дар миёни мардум матраҳ мешавад.
Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала хабаргузории «Азия-Плюс» ба марказҳои матбуоти ВКД-и Душанбе ва ВКД-и кишвар муроҷиат кард.
Дар ин марказҳо ба мо хабар доданд, ки ба ин парванда прокуратураи ноҳияи Сино машғул аст ва тавсия доданд, ки мо ҳам ба ҳамон ҷо муроҷиат кунем.
То замони нашри ин мавод ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки бо шахсони салоҳиятнок дар ин прокуратура дар тамос шавад.
Ҳамчунин то ҳол ба мо муяссар нашуд, ки бо Татяна Умарова, адвокати аз ҷониби модари зани фавтида кирошуда суҳбат кунем.