Тоҷикистонро пас аз танаффуси кӯтоҳ бори дигар тӯфони чангу ғубор фаро мегирад. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, он дар охири ҳафта оғоз мешавад.

“Рӯзҳои 28 ва 29 июл дар аксари ноҳияҳои вилояти Хатлон, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, дар шаҳри Душанбе ва дар ғарби ВМКБ бар асари вазиши шамол тӯфони чангу ғубор дар назар дошта шудааст”, - менависад ин ниҳод.

Ҳамчунин, бино ба маълумоти ин ниҳод, имрӯз, 25-уми июл, дар пайи баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш болоравии сатҳи об низ дар назар аст.

Ҳавошиносон ҳамчунин ҳушдор медиҳанд, ки аз 25 то 27-уми июл дар баъзе ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, вилояти Суғд ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ омадани сел низ дар назар аст.

Тӯфони чангу ғубор барои кӣ хатарнок аст?

Тӯфони чангу ғубор падидаи атмосферӣ буда, он ба саломатии гуруҳе аз одамон таъсири манфӣ дорад.

“Чунин ҳаво барои беморони аллергологӣ ва гирифторони бемориҳои роҳи нафас, бахусус бо астмаи бронхиалӣ хатарнок аст”, - мегӯяд Тоҷилло Олимов, ассистенти кафедраи бемориҳои гӯш, бинӣ ва гулӯи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии мутахассисони соҳаи тиб.

Ҳавои ғуборолуд барои кӯдакон, пиронсолон ва гирифторони бемориҳои дилу рагҳо (гипертонияи артериалӣ, дистония, стенокардия) низ хатарнок аст.

Чунин ҳаво боиси дарди сар, тангии нафас, душворӣ ва ҳатто қатъ шудани нафасгирӣ мегардад, илтиҳоби луобпардаи чашм, бинӣ ва ҳалқро ба вуҷуд меорад.

Хамчун чораи пешгирӣ гулӯву биниро бо намак шустан манфиатнок аст.

Ҳангоми ба берун баромадан аз дока истифода бурдан ҳатмист. Маслиҳат дода мешавад, ки ниқобро тар кардан хуб тар аст.

Чӣ бояд эҳтиёт кард?

Мутахассис тавсия медиҳад, ки дар давраи чанги зиёд одамони саломатиашон нохуб камтар ба кӯча баромада, тирезаҳои хонаро пӯшида нигоҳ доранд, дар хонаҳои истиқоматӣ ва корхона ҳаворо нам нигоҳ доранд. Ҳарчи бештар об нӯшанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин бояд бештар ғизоҳои дорои моддаҳои антиоксидант – сабзавот, моҳӣ ва равғани зайтун истеъмол кард.

Барои шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг муҳим аст, ки фишори хунро дар як рӯз на камтар аз 2 маротиба санҷанд ва барои гипертонияи артериалӣ доимӣ ба духтур муроҷиат кунанд.

Инчунин, дар сурати пайдо шудани нишонаҳои бемории шадид ё бемадорӣ (нафаскашӣ, сулфа, бехобӣ) ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.

Ба куҷо занг занед?

Ба хадамоти ёрии таъҷилӣ бо рақами 103 занг занед. Ин рақам барои ҳамаи операторони мобилии Тоҷикистон амал мекунад.

Шумо метавонед аз рақамҳои корпоративӣ аз телефони мобилӣ (ш. Душанбе) занг занед:

Мошини ёрии таъҷилии «Истиқлол» - 2341116 / 2341119

Шӯъбаи ёрии таъҷилии дармонгоҳи Ибни Сино – (44) 6400102 / (44) 6400103

Беморхонаи шаҳрии клиникии ёрии таъҷилӣ - 2213586 / 2213331 / 2273441.

Дар ҳолати рух додани ҳолати фавқулодда ба рақами 112 занг занед ё ба шӯъбаи ёрии таъҷилӣ занг занед: 223-13-11, 93 880 28 19.