Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон се ҳодисаи ғарқшавии одамон дар обҳои кишвар ба қайд гирифта шудааст.
Тавре ки хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 20 август ҳангоми обгирӣ аз канал (наҳр)-и “ВД-3” бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сокини 19-солаи деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара ба об афтода, ғарқ шудааст.
“Ҷасади ӯ аз ҷониби сокинони маҳаллӣ дарёфт ва ба ихтиёри хешовандонаш дода шуд”, - хабар медиҳанд дар Кумита.
Ҳодисаи дигар дар қаламрави шаҳри Ваҳдат рух додааст. Шоми рӯзи 20 август сокини 11-солаи деҳаи Ҷангалобод-3 ҳангоми оббозӣ дар канади байнидеҳавӣ ғарқ шудааст.
“Имдодгарони КҲФ таъҷилан ба ҷойи ҳодиса рафта, кофтуковро оғоз карданд. Корҳои ҷустуҷӯ қариб то нимашаб давом карда, лекин ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд. Субҳи имрӯз, 21 август корҳои ҷустуҷӯ барқарор шуданд”, - гуфтанд дар Кумита.
Боз як ҳодисаи нохуши дигар дар шимоли кишвар рух дод. Рӯзи 19 август сокини 59-солаи деҳаи Хӯҷаи Панҷи наздикии шаҳри Панҷакент ҳангоми оббозӣ дар кӯли деҳаи Шинг (“Ҳафткӯл”) бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ғарқ шудааст.
“Корҳои ҷустуҷӯи нафари ғарқшуда идома доранд”, - изҳор доштанд дар Кумита.