Зимни рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар манотиқи осебдидаи Тоҷикистон ҷасади чаҳор нафари дигар пайдо шуд. Ҳамин тариқ, шумораи фавтидагон аз офати табиӣ ба 21 нафар расид - дирӯз дар бораи ба ҳалокат расидани 17 нафар хабар дода шуда буд.
Умеда Юсуфӣ , сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар ин робита ба “Азия-Плюс” гуфт, дар давоми рӯз ҷасади ду нафари дигар дар Ваҳдат ва ду нафар дар Варзоб пайдо шуд, ки дар миёни онҳо тифли 40-рӯза низ ҳаст.
Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмӯъ дар шаҳри Ваҳдат 17 нафар ва дар навоҳии Рӯдакӣ ва Варзоб 2- нафарӣ аз офати табиӣ ба ҳалокат расидаанд.
Умеда Юсуфӣ афзуд, ҷасадҳо барои муайян кардани шахсият ба мақомоти дахлдор супурда шудаанд.
Қобили зикр аст, ки субҳи рӯзи 28-уми август дар бораи ҳалокати 13 нафар - 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва ду нафари дигар дар ноҳияи Рӯдакӣ гузориш шуда буд.
Умеда Юсуфӣ гуфт, ки аз ҳисоби КҲФ барои корҳои барқарорсозӣ дар шаҳри Ваҳдат 3 тонна ва барои шаҳри Ҳисор 2 тонна сӯзишвории дизелӣ ҷудо шудааст.
Ӯ зикр кард, ки ҳоло шоҳроҳи Ваҳдат-Ромит комилан аз гил ва санг тоза шуда, ҳаракати нақлиёт барқарор шудааст.
Ба гуфтаи вай, дар ҷои ҳодиса комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи маҳаллӣ кор мекунанд ва ҳаҷми хисорот муайян карда хоҳад шуд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки бо супориши раисиҷумҳури кишвар як гурӯҳи кории ҳукуматӣ таъсис дода шуд, ки як рӯз пеш аз манотиқи осебдида боздид кардааст.
Рӯзи 27-уми август дар Тоҷикистон селу обхезӣ сар зад. Дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор ва навоҳии Рӯдакӣ, Варзоб, Деваштич, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод омадани селу ярч хисороти ҷиддӣ дар пай дошт.
Вазорати адлия Шаҳбози Аброрро раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон эътироф кардааст
Аз Алӣ Лориҷонӣ то Саид Ҷалилӣ. Сабти номзадҳо ба мақоми раёсҷумҳури Эрон оғоз гардид
Тоҷикистону Чин маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнокро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд
“Роҳ ба сӯи Тиён-Шон”: дар Тоҷикистон рушди роҳҳои мошингард баррасӣ шуд
ВКД сабаби ҳодисаи марбут ба зани 23-соларо, ки аз ошёнаи 5-ум дар Кӯлоб афтод, шарҳ дод
Чаро Тоҷикистон дар безараргардонии фурӯзонакҳои каммасраф муваффақ нашуд?
“Воридот ва фурӯши сатру либоси сиёҳ манъ аст”. Ин ба кори фурӯшандагон чӣ гуна таъсир мерасонад?
Бар зидди писари раиси бозори Ёвон парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ҷузъиёти кордзании хонандагон
Боришот зиёдтар мешавад: обуҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон
“Худам шоҳу табъам вазир?”. Мансабдороне, ки парвои интиқод надоранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста