Дар шаҳри Красногорски вилояти Маскав бо иштироки шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷанҷолу занозании гурӯҳӣ рух дод. Дар ин бора Telegram-канали Mash хабар медиҳад.

“13 шаҳрванди Ӯзбакистон бо истифода аз бартарии шумораи худ 5 шаҳрванди Қирғизистон ва 4 шаҳрванди Тоҷикистонро ба қафо тела дода мебаранд. Кормандони пулис саривақт ба ҷойи ҳодиса расида, издиҳомро маҷбур кард, ки пароканда шаванд ва лозим омад, ки онҳо дар байни хонаҳои истиқоматӣ дастгир карда шаванд”, - менависад ин шабака.

Ба иттилои Mash, мардон аз Ӯзбекистону Қирғизистон ва Тоҷикистон дар корхонаҳои ба ҳам наздики Красногорск машғули кор буда, байни онҳо доимо баҳсу муноқишаҳо сар мезанад. Ин дафъа дар назди сохтмони назди таваққуфгоҳ муноқишаи лафзӣ ба занозании гурӯҳӣ бо иштироки 22 нафар табдил ёфтааст.

Зикр мешавад, ки қаблан дар деҳаи Илинское-Усовои ҳавзаи шаҳрии Красногорск низ 16 муҳоҷир барои ҷанҷоли гурӯҳӣ боздошт шуда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.