Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе сарусадо дар бораи кушта шудани чанд нафар дар пайи таркиш дар қаҳвахонаи “Мерве”-ро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, рад кард.
Дирӯз, 30-юми октябр, дар қаҳвахонаи “Мерве”-и шаҳри Душанбе баллони газ таркид.
Тавре ба ОИ “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти ВКД пойтахт хабар доданд, феълан тафтишоти ҳодиса идома дорад.
“Мо ҳоло сабабҳои ҳодиса ва хисороти расидаро муайян мекунем. Ҳеҷ кадоме аз захмиён ба ҳалокат нарасидаанд”, - афзуд манбаъ.
Аз маъмурияти қаҳвахона низ ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки дар пайи ин ҳодиса се корманди ин муассиса маҷрӯҳ шудаанд.
“Дар байни мизоҷон, тавре қаблан хабар дода шуда буд, талафот набуд. Се корманди қаҳвахона ҷароҳат бардоштаанд. Ҳоло вазъи ҳамаи онҳо хуб аст”, - гуфтанд аз маъмурияти муассиса.
Ёдовар мешавем, ки ҳодиса дирӯз, 31-уми октябр, соати 13:40 рух дод.
Он замон гуфта мешуд, ки дар пайи таркиш як корманди қаҳвахона ва як мизоҷи он ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамчунин, як адад воситаи нақлиёти тамғаи "Лексус", ки дар наздикии ошхона қарор дошт, зарари техникӣ дидааст.
Бояд гуфт, ки қабл аз ин ҳам дар Тоҷикистон бар асари таркиши балони гази моеъ чандин нафар зарар дида буданд. Аз ҷумла, дар охирин таркиши балони гази моеъ дар норҳияи Панҷи вилояти Хатлон 1 нафар ба ҳалокат расида, чандин каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардошта буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста