Тахминан соатҳои 16-и рӯзи 24 декабр як боррасон (курйер) - шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон ба мақомоти пулиси ноҳияи Маскави шаҳри Санкт-Петербург муроҷиат кард.
Ӯ изҳор намуд, ки вақте фармоишро ба як суроға дар хиёбони Витебский мебурдааст, чор нафар ҷавонон ба ӯ дарафтода, лату кӯб кардаанд.
Тавре ки “Коммерсант” хабар медиҳад, дар беморхона ҷароҳатҳои аз сар ва дигар узвҳо гирифтаи ӯро сабт карда, пас аз расонидани кумак ба хонааш раҳо кардаанд.
Дар бораи ҷабрдида маълумот дода намешавад. Танҳо зикр мегардад, ки ӯ сокини шаҳраки Александровскаяи ноҳияи Пушкини шаҳри Санкт-Петербург мебошад.
Ин ҳодиса дар камераҳои видеоӣ сабт шудааст. Дида мешавад, ки чор нафар ҷавонон бидуни сабабе ба лату кӯби боррасон дар назди даромадгоҳи хона оғоз мекунанд. Яке аз онҳо бо пояш ба сари ӯ зарба зада, дигарон аз баллони газ ба рӯи ӯ маҳлул мепошанд ва яке аз ҷавонон инро дар камераи видео сабт мекунад.
Рӯзи 25 декабр дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ ба гумони даст доштан дар ин амал чор нафар наврасони 14-15-соларо муайян ва ба шуъбаи пулис овардаанд. Дар ин бора Сарраёсати ВКД дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград хабар медиҳад.
Айни замон онҳо мавриди бозпурсӣ қарор дошта, ҳолатҳо ва мақсади ба ин ҷиноят даст задани онҳо таҳқиқ мешавад.
Дар мақомоти пулис дар робита ба ин ҳодиса мутобиқи моддаи 213 КҶ ФР (Авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Мувофиқи қонуни амалкунанда, ҷавобгари тибқи қисмҳои 2 ва 3-и ин модда аз 14-солагӣ татбиқ мешавад.
Ёдрас мекунем, ки қаблан мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербург наврасонеро боздошт намуда буданд, ки ба кӯчарӯбон - муҳоҷирон дарафтода буданд. Онҳо аз баллон ба рӯи кормандони хадамоти коммуналӣ маҳлул пошида, сипас онҳоро лату кӯб мекарданд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста