Сафияхон Раҳматова, духтарчаи 10-сола аз шаҳри Хуҷанд, ки 6 рӯз ин ҷониб бедарак аст, то ҳол пайдо нашудааст. Волидонаш гуфтаанд, ки Сафияхон дар дарёи Сир ғарқ шудааст, аммо кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд мегӯянд, барои пайдо кардани духтараки бедаракшуда мутахассисони ботаҷриба ҷалб шудаанд, аммо то ҳол натиҷае ба даст наовардаанд.

Сафияхон Раҳматова 7-уми феврали соли 2024 бедарак шуд. Охирин маротиба ӯ дар наворе, ки аз кӯчаи Раҳмон Набиев, назди боғи Камоли Хуҷандӣ, лаби дарёи Сир бардошта шудааст, дида мешавад. Хонаи онҳо дар ин мавзеъ воқеъ аст. Дар навор дида мешавад, ки духтарак ба соҳили дарё меравад. Дигар аз ӯ дараке нест.

Аъзамхон Раҳматов, падари Сафияхон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, аз дидани навор ба хулосае омадааст, ки духтараш ғарқ шудааст.

“Мо аз камераи ҳамсоя дидем, ки ду духтар ба назди об мефарояд, аммо як духтар мебарояд. Мобайни сабт 31 дақиқа аст. Духтарча аз поён мебарояд, аммо фарзанди ман намебарояд. Аниқ фарзанди ман дар даруни об ғарқ шудааст”, - гуфтааст Аъзамхон Раҳматов.

Аз Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд имрӯз, 13-уми феврал, ба “Asia-Plus” гуфтанд, ки то ҳол Сафияхон Раҳматоваро пайдо накардаанд.

Диловар Ҳамдамов, масъули матбуоти ин Ситод гуфт, ки ҷустуҷӯи духтараки бедаракшуда идома дорад, аммо то ҳол натиҷае нест.

“То пайдо шудани духтараки бедаракшуда ҷустуҷӯро идома медиҳем”, - зикр кард Диловар Ҳамдамов.

Қаблан Ҷамшед Кӯчаков, муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд гуфта буд, ки ғаввосони ин ниҳод бо назардошти эҳтимоли дар дарёи Сир ғарқ шудани Сафияхон, ҷустуҷӯро то сарҳади Ӯзбекистон идома додаанд, аммо духтаракро пайдо накардаанд.

Ҷамшед Кӯчаков гуфта буд, ки ҷустуҷӯро то пайдо шудани Сафияхон Раҳматова идома медиҳанд, аммо ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки духтарак дар дарёи Сир ғарқ нашуда бошад. Зеро ғайр аз навори ба соҳили дарё фаромадани духтарак, дигар далели ғарқ шудани ӯ дар даст нест.

Дар ҳамин ҳол, барои пайдо кардани Сафияхон Раҳматова мақомоти дигар, аз ҷумла кормандони милитсия ва тафтишоти шаҳр ҳам ҳамроҳ шудаанд. Ҳамчунин, ихтиёриён ҳам духтараки гумшударо ҷустуҷӯ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд давоми соли 2023 55 нафар ғарқ шудаанд ва ҷасади 4 нафари онҳо то ҳол пайдо нагардидааст. Ин аввалин ҳодисаи ғарқшавӣ дар соли 2024 дар вилояти Суғд будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.