Дирӯз, 22-юми феврал, як озодапаланг ба молхонаи як сокини деҳаи Табарсеми ҷамоати деҳоти Сежди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ворид шуда, 18 сар чорвои майдаро нобуд кардааст, хабар медиҳад КҲФ.

Ин бори аввал нест, ки ҳайвоноти даранда ба оғилу чарогоҳҳои сокинон, ба вижа аҳолии ВМКБ ҳамла карда, чорвои хонагиро нобуд мекунад.

Дар гузашта ҳам, оид ба ҳамлаи озодапаланг ба чорвои сокинони ноҳияҳои кӯҳистони Бадахшон хабарҳо паҳн шуда буданд.

Чанде пештар ҳам паланги барфӣ дар ноҳия Роштқалъа ба оғили як сокини деҳаи Намадроҷ ҳамла карда, 14 сар чорвои хонагии ӯро кушта буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш дар Тоҷикистон бо қарори ҳукумат Барномаи давлатии ҳифзи озодапаланг барои солҳои 2024-2028 қабул гардид.

Барномаи мазкур дар се марҳила - солҳои 2024 - 2026, соли 2027 ва соли 2028 амалӣ гардида, имконият фароҳам меорад, ки барои ҳифзу нигаҳдории озодапаланг тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Бояд гуфт, ки озодпаланг ба Китоби сурх дохил шуда, шикораш манъ аст.


КҲФ ҷиҳати ҳифзи чорво аз ҳамлаи ҳайвоноти даранда ба таваҷҷӯҳи сокинони деҳоти муқими ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ тавсияҳои зеринро пешниҳод менамояд:

- чорвочаронӣ танҳо рӯзона, вақте ҳаво рӯшан аст, мумкин мебошад ва он ҳам бо чӯпон, ки бо худ ашёи тарсонандаи ҳайвоноти ваҳширо дорад. Шабона ҳавонот бояд дар маконҳои амн нигаҳдорӣ шаванд;

- фермаҳо ва молхонаҳое, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ берун аз қаламрави деҳа сохта шудаанд, бояд гирдогирд бо тӯр печонида шуда бошанд ва ё атрофашон девор гиронда шуда бошанд ва баландии ин девор на камтар аз 2,5 метр бошад. Девор бояд ҳайвонҳоро аз вуруди паланги барфӣ ё хирс боэътимод муҳофизат кунад. Ба бошгоҳҳои тобистонии чорво диққати махсус додан лозим аст - онҳо бояд бо деворҳо мустаҳкам карда, шабона посбонй карда шаванд. Истифодаи усулҳои тарсонданн паланги барфй ба мақсад мувофиқ аст;

- ҳама ҷасади ҳайвонҳое, ки мавриди ҳамлаи паланги барфӣ ё ҳар ҷонвари дарандаи дигар қарор гирифтаанд, бояд сӯзонида нобуд карда шаванд;

- дар кулбаи шикорчӣ, бошгоҳҳои тобистона ва оғилхонаҳо сагҳо бояд ҳатман бошанд, вале онҳо бояд аз ҳамлаи паланги барфӣ ҳифз карда шаванд. Аз ин рӯ, барои саг паногоҳи вижа бояд сохт, масалан зери хонаву молхона ягон вурудгоҳи хеле танге, ки ба ҷуз саг ҳайвони дигар натавонад вориди он шавад.

Ғайр аз ин бояд қаламрави хонаҳои шахсӣ дар маҳалҳои буду боши паланги барфӣ, бахусус дар канори деҳаҳо бо тур ва ё деворҳои баландиашон на камтар аз 2,5 метр ҳифозат карда шаванд.

Палангҳои барфӣ аз дигар намуди ҳайвонҳои палангмонанд ба ҷусса хурдтаранд. Пӯсти онҳо сафед, зард ва моил ба хокистарӣ аст ва ин ҷонварон дорои холҳои тираранги рӯи пӯст ва ду тарафи бадани худ ҳастанд. Шиками ин ҷонварон сафед аст ва чашмонашон сабзи камранг ё хокистарист, мӯҳои бадани ин ҷонвар сахту анбӯҳ аст ва дар нуқоти мухталифи бадан байни 5 то 12 сантиметр тӯл дорад.
Дарозии бадани паланги барфӣ аз сар то дум 75 то 150 сантиметр ва тӯли думи он 80 то 105 сантимерт аст. Тӯли дандонҳои неши ин ҷонвар 28 миллиметр ва вазни он 25 то 55 килограм аст.
Вижагии дигари паланги барфӣ ҷойи будубоши он аст, ки дар минтақаҳои сарду пурбарф ва мавзеъҳои баланд ҳаёт ба сар мебарад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.