Як гурӯҳ шахсон ба донишҷӯёни мусулмони муҳассили Донишгоҳи Гуҷарати Ҳиндустон, ки миёнашон тоҷикистонӣ ҳам ҳузур доштааст, ҳамла кардаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истинод ба расонаҳои Ҳиндустон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ҳодиса шоми 16-уми марти имсол дар шаҳраки донишҷӯён рух додааст. Бар асари ҳамла ҷабрдидагон дар беморхона бистарӣ шуда, ду нафар ҳамлагарон ба ҳабс гирифта шудаанд. Мақомоти пулиси Гуҷарат ваъда додааст, ки “чораи қатъӣ меандешад” ва гумонбарони дигарро низ дастгир хоҳанд кард.

Зикр мегардад, ки осебдидагон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Африқои Ҷанубӣ ва Шри-Ланка ҳастанд.

Ду донишҷӯ – яке аз Шри-Ланка ва дигаре аз Тоҷикистон – дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ба иттилои Hindustan Times, шуъбаи мубориза бо ҷинояткории пулиси Аҳмадобод ду нафарро ба гумони даст доштан дар ҳамла ва лату кӯби якчанд донишҷӯи хориҷӣ дар хобгоҳи Донишгоҳи Гуҷарат ҳангоми намозггузорӣ боздошт кардааст.

Мақомоти пулис хабар додааст, ки дар ин ҳамла зиёда аз бист кас ширкат карда, аммо то кунун ду нафари онҳо дастгир шуданд.

Мувофиқи маълумоти ВАО-и Ҳиндустон, гурӯҳи ҳамлагарон вориди хобгоҳ шуда, ба зидди намозгузории донишҷӯёни хориҷӣ эътироз кардаанд. Дар натиҷа, ин гурӯҳ ба хориҷиён ҳамла карда, ба тарафи онҳо санг партофтанд ва ҳуҷраҳояшонро вайрон кардаанд.

Мақомоти пулис бар ин назар аст, ки ҳамла дар натиҷаи баҳси намозгузорӣ дар хобгоҳ ба ҷойи масҷид сурат гирифтааст. Дар бораи шахсияти донишҷӯён маълумоти муфассал дода намешавад.

Бино ба иттилои Hans India, Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон, ҳукумати Гуҷарат ҷиҳати муҷозоти гунаҳкорон барои зӯроварӣ тадбирҳо андешида, вазъияти вобаста ба тартиботи ҳуқуқӣ зери назорат доранд.

Тибқи маълумоти Вазорати маорифи Тоҷикистон, соли 2020 дар донишгоҳҳои Ҳиндустон қариб 150 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекарданд. Маълумот барои соли ахир дастрас нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.