Боришоти шадиди чанд рӯзи ахир дар кишвар ба хонаводаҳо дар баъзе ноҳияҳо ва пойтахти ҷумҳурӣ зарар расониданд.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, рӯзи 15 апрел бар асари боришот дар маҳаллҳои аҳолинишини деҳаҳои М.Турсунзода, ҷамоатҳои Зайнабобод ва Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ дар селпартоҳо болоравии сатҳи об ба мушоҳида расидааст.
Дар натиҷа ҳавлиҳои сокинони маҳаллиро об зер кардааст. Айни замон дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи кории КҲФ ва Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия ҷиҳати ташкили корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ чораҳо меандешанд.
Ҳамин рӯз дар қаламрави шаҳри Ваҳдат бар асари болоравии сатҳи об дар наҳр (канал)-и Янгиқурғон чанде аз ҳавлиҳои сокинонро об зер кардааст.
Дар натиҷаи болоравии сатҳи об дар дарёи Яхсу дар қаламрави мавзеи Кӯчабоғи ҷамоати деҳоти Худоёрраҷаби ноҳияи Восеъи вилояти Хталон садди муҳофизатии соҳили рости дарё дар масофаи 25-30 метр осеб дидааст.
“Дар ҷойи ҳодиса кормандони КҲФ дар ҳамдастӣ бо кормандони Раёстаи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дар масофаи 65 метр плитаҳои оҳану бетонӣ гузошта, онро бо ресмонҳо пайваст карданд”, - хабар доданд аз Кумита.
Дар Душанбе чанде пеш бар асари боришоти шадид ва фаромадани сангу лойқа аз теппаҳо сатҳи об дар канали Чоряккорони ноҳияи Сино боло рафта, об аз соҳилҳо берун рафт ва роҳи мошингарди байни маҳаллаҳои Чоряккорон ва Зафарро баст.
Дар хиёбони Абдураҳмони Ҷомӣ боришоти шадид ба баста шудани роҳи мошингард ба масофаи 150 метр боис гардид.
Зикр шуд, ки бо ёрии техникаи махсус роҳҳо тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор шуда, Комиссияи ҳолатҳои фавқулдодаи шаҳр дар ҷойи ҳодиса машғули кор аст.
Бино ба маълумоти Кумита, бар асари офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Маълумот дар бораи шаби гузаштаи 16 апрел ҳоло дастрас нест.