Рӯзи 2 июл дар километри 250-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Рашт-Лахш дар мавзеи Ҳавзак бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво ва об шудани барфу яхи кӯҳҳо сатҳи оби дарьёи Сугак боло рафт.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, ин об аз соҳилҳо берун шуда,  500 метр қитъаи ин роҳро шуст ва дар чор нуқта сими барқро хароб кард.

“Дар айни замон роҳ баста аст ва корҳои бартараф кардани паёмадҳои офат идома доранд”, - омадааст дар хабари Кумита.

Сурат: КҲФ ҶТ

Гуфта мешавад, рӯзи 2 июл Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Сангвор бо мақсади муайян кардани ҳаҷми зарари расида аз сел дар деҳаи Ёзганди ҷамоати деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор ба фаъолият пардохт.

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи ин офати табиӣ 10 хона пурра, 4 хона қисман ва 18 хоҷагии ёрирасону 29 қитъаи наздиҳавлигии сокинон осеб дидааст.

Сурат: КҲФ ҶТ

Ҳамчунин зикр мегардад, ки роҳи мошингарди Лаби-Ҷар-Маркази Сангвор дар километри 49-ум муваққатан баста буда, корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ идома доранд.

“Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, аз ҷумла сангу хок ва лойқаи сел  техникаи вазнин сафарбар шудааст. Корҳои расонидани кумак ба аҳолии осебдида оғоз шуд”, - иттилоъ медиҳад Кумита.

Сурат: КҲФ ҶТ

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, то 5 июл дар минтақаҳои алоҳидаи Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хатари омадани сел дар маҳалҳо вуҷуд дорад. Ҳарорат дар саросари ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 37-39 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзҳои аз 2 то 6 июл дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бар асари чангбод аз самти ҷанубу ғарбӣ ва шимолу ғарбӣ баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.