Тибқи маълумоти пешакӣ, дар вилояти Хатлон бар асари заҳролудшавӣ 2 кӯдак ҳалок шуданд. Боз 5 нафари дигар айни замон бо аломатҳои монанд ба заҳролудшавӣ дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ҳамаи онҳо сокинони деҳаи Баҳористони ноҳияи Восеъ мебошанд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз хадамоти санитарӣ-эпидемиологии вилоят хабар дод, писари 11-сола вақте ки худро нотоб ҳис мекунад, ҳанӯз рӯзи 12 июл ба беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ оварда шудааст.

Дар беморхона ба ӯ сӯзандору (капелнитса) гузаронида, сипас хешовандонаш ӯро ба хона бурдаанд. Аммо баъдтар вазъаш бадтар шуда, ӯро ба беморхонаи шаҳри Кӯлоб мебаранд.

«Дар он ҷо табибон кӯшиш карданд, ки ӯро наҷот диҳанд, аммо, мутаассифона, шаби 16-уми июл ӯ вафот кард. Тибқи маълумоти пешакӣ, наврас дар натиҷаи заҳролудшавӣ ҳалок шудааст», - гуфт як манбаъ.

Писарчаи 5-солаи дигар рӯзи 13 июл ба беморхона оварда шуда, наҷоти ӯ низ ба табибон муяссар нашудааст.

Сабаби заҳролудшавӣ ҳоло маълум нест.

Дар рӯзҳои минбаъда боз 5 нафари дигар бо аломатҳои заҳролудшавӣ ба табибон муроҷиат кардаанд. Аз синнусоли онҳо манбаъ маълумот надод.

“Ҳозир мутахассисони Вазорати тандурустӣ ба ноҳия омада, сабаби заҳролудшавиро таҳқиқ мекунанд. Ҳамаи ташхисҳои заруриро гирифта, ба пойтахт фиристоданд”, - иброз дошт манбаъ ва зикр кард, ки яке аз беморон дар беморхонаи шаҳри Кӯлоб ва 4 нафари дигар дар беморхонаи ноҳияи Восеъ қарор доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.