Муттаҳамони ҳамла ба “Крокус”-и Маскав аз дин огоҳии хуб надоштанд, намоз намехонданд ва ин ҳамларо аз номи Ислом анҷом надоданд.
Ин нуктаро Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон зимни нишасти матбуотие, ки имрӯз, 30-юми июл, баргузор шуд, баён намуд.
Ӯ гуфт, чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми анҷоми ин ҳамла боздошт шуданд, “фирефтаи гурӯҳҳои ферибанда шуданд, ки гӯё як миқдор маблағе ба даст меоваранд”.
“Онҳо мумкин дарак ҳам надоштанд, ки ин “ташаббусашон” бо чӣ хотима меёбад. Аслан ҷавонҳои моро (гурӯҳҳои ферибанда) ғофилгир карданд”, - таъкид намуд Саидмукаррам Абдулқодирзода.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, ки низ дар ин нишасти матбуотӣ ҳузур дошт, зикр намуд, ки “бо ҳамтоёни руси худ дар тамос ва ҳамкорӣ ҳаст”.
“Аммо тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳоло ҳам ин раванд (ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, - АП) вуҷуд дорад. Чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирон дар Русия борҳо гузаронида шудааст ва аз ин ба баъд кӯшиш мекунем, ки ин чорабиниҳоро бештар барпо кунем”, - зикр намуд Сулаймон Давлатзода.

Ёдрас мекунем, ки амали террористӣ дар толори консерти “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав шоми рӯзи 22 март рух дод. Пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” мардони мусаллаҳ ба тирпаронӣ дар толор оғоз намуданд, ки сӯхтор сар зада, майдони 13 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Бар асари ин амали террористӣ 146 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 550 кас осеб диданд.
Як рӯз баъд мақомоти Русия аз боздошти гумонбарони ҳамла хабар дода, навори боздоштро нашр карданд. Ниҳодҳои Русия эълон карданд, ки чор гумонбари аслии ҳамла шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва додгоҳ қарори ҳабси пешакии ҳамаи онҳоро содир кард.
Бояд гуфт, дар навори нашркардаи мақомоти Русия дида мешуд, ки гумонбарони ҳамла дар шароити мармуз ва зери шиканҷаи шадид ба додгоҳ ҳозир шуданд. То ҳол онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, иттиҳоми нисбати онҳо эълонгардида расман собит нашудааст.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста