Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон вазъ ва теъдоди дақиқи зарардидагони садамаи мудҳиш дар ноҳияи Хуросонро шарҳ дод.
Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар ин садама як нафар ҷон бохта, 11 нафар ҷароҳат бардошта, бистарии беморхона шудаанд. Вазъи сиҳатии 3 нафар ҷароҳатбардоштагон вазнин арзёбӣ мешавад.
Ба иттилои ин ниҳод, вазъи сиҳатии 6 нафар муътадил буда, 2 нафари дигар баъди беҳбуди саломатӣ аз беморхона рухсат шудаанд.
Манбаъ афзудааст, ки табобати ҷароҳатбардоштаҳо ройгон ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин, вазорат иттилоъ медиҳад, ки Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии кишвар ҷароҳатбардоштагонро аёдат карда, бо пйвандони онҳо сӯҳбат кардааст.
Пештар аз ин, Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ба хабаргирии захмишудаҳо рафта, бо вазъи саломатии онҳо шинос шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар ноҳияи Хуросон 18-уми август, рух дод. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ навишт, ки соатҳои 10:30 ба вақти маҳаллӣ мошини боркаши “Ҳино” таҳти идораи сокини 33-солаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе-Бохтар дар даромадгоҳи ҳудуди ноҳияи Хуросон бинобар аз кор мондани василаи нигоҳдории мошин ба садама дучор шудааст.
Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардиданд, дида мешавад, ки мошини боркашони “Дулан” дар наздикии нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба чанд мошини худрав бархӯрдааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, дар натиҷаи садама 7 воситаи нақлиёт зарар дидаанд.
Бояд гуфт, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 539 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2023 - 492 ҳодиса) рух дода, бар асари онҳо 236 нафар ҳалок ва 570 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта шумори ҳодисаҳо 11,8%, теъдоди ҷабрдидагон 13,3% ва ҳалокшудагон 22,3% зиёд шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста