Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон пас аз 4 рӯзи ҷустуҷӯ, ҷасади шаҳрванди Ӯзбекистонро аз қаъри обанбори Норак пайдо кардаанд. Дар ин бора хадамоти матбуотӣ ин ниҳод хабар медиҳад.
Рӯзи 20 – уми август наҷотдиҳандагони Хадамоти ҷумҳуриявии наҷоти кӯҳии КҲФ дар шаҳри Норак ҷасади сокини 28-солаи вилояти Самарқанди Ӯзбекистонро дар обанбори Норак пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супоридаанд.
Ба навишти манбаъ, ӯ рӯзи 17‑уми август ҳангоми оббозӣ дар обанбори Норак ғарқ шудааст.
Бояд гуфт, ки обанбори Норак иншооти муҳими давлатӣ дониста мешавад ва дар хабари КҲФ гуфта нашудааст, ки оббозӣ дар он иҷоза ҳаст ё не.
Дар зимн КҲФ ба хонаводаи шахси ғарқшуда ҳамдардӣ карда, ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат намудааст, ки қоидаҳои бехатариро дар обанборҳо риоя кунанд.
Ёдовар мешавем, ки давоми шаш моҳи охир дар Тоҷикистон бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарё ва дигар обанборҳои кишвар 86 нафар ба ҳалокат расиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду ҳолат бештар аст.
Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, миёни ҳалокшудагон синни 8 нафарашон то 4 - сола, 9 кас аз 5 то 10 - сола, 23 нафар аз 11 то 16 ‑ сола, 28 кас аз 17 то 35 - сола ва 8 нафар синни аз 35 - сола болотар мебошанд. Аз ин шумора 26 нафар занҳо мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста