Баъди марги Маҳмуд Давлатови 10-сола, хонандаи мактаби 101-и деҳаи Суғдиёни шаҳри Ваҳдат, директори ин мактаб аз вазифа барканор шудааст. Дар ин бора имрӯз, 28-уми ноябр, ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илм иттилоъ доданд.
Аз вазорат гуфтанд, бо вуҷуди он ки ҳодиса рӯзи шанбе ва берун аз ҳудуди мактаб рух додааст, бо назардошти иштироки хонандагони мактаби мазкур дар ин фоҷеаи марговар, директори мактаб аз вазифа барканор шуд.
Рӯзи 19-уми октябри имсол дар канори мактаби 101-и шаҳри Ваҳдат Маҳмуд Давлатов, хонандаи синфи 3-и ин мактаб дар натиҷаи занозанӣ бо хонандаи синфи 5-и ҳамин мактаб ба ҳалокат расид.
Фатҳиддин Давлатов, падари Маҳмуд ба Радиои “Озодӣ” гуфтааст, апаи Маҳмуд дар мактаб дарси варзиш дошта, тӯбро бо худ бурдааст. Маҳмуд барои тӯбаш ба мактаб меравад ва хонандае ӯро бо хонандаи дигари ин мактаб ҷанг меандозад.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки вақти занозанӣ ба ҷигари Маҳмуд зарбаи сахт расида, аз дарун мекафад ва ҳамон ҷо ба ҳалокат мерасад. Ин замон падари хонанда дар муҳоҷират дар Русия буда, бо шунидани ин фоҷеа ба Тоҷикистон омадааст.

Муҳофизи мактаб низ берун аз ҳудуди мактаб рух додани ҳодисаро тасдиқ кардааст.
Тафтиши ҳодиса 21-уми октбяр аз ҷониби ШВКД-и шаҳри Ваҳдат шуруъ шуда, ба нақли волидони хонанда, бо гузашти зиёда аз як моҳ мақомот ба ҷое нарасидааст.
Фотима Ситамова, роҳбари синфи Маҳмуд ба эҳтироми хонандаи фавтида курсии нишасти ӯро холӣ нигоҳ медорад.
Ин бори аввал нест, ки хонандагони мактаб дар пайи ҳодисаҳои гуногун ба ҳалокат мерасанд. Моҳе пеш дар деҳаи Бӯстони шаҳри Панҷакент Тарона Ниёззода, хонандаи синфи 2 дар пайи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расида буд. Ӯ аз сабаби набудани мактаб дар деҳаашон дар мактаби деҳаи ҳамсоя, ки қариб 5 км дур аз деҳаашон воқеъ аст, таҳсил мекард ва баъди дарс ҳангоми бозгашт ба хона ба ҳалокат расид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста