Шаби 15-16-уми декабри соли равон дар деҳаи Ҳисорак (Қурғончаи собиқ)-и шаҳри Конибодом ҷасади боз 4 нафари дигар, ки аъзои ду хонавода будаанд, дарёфт гардидаанд. Дар як ҳафтаи охир ин дуввумин ҳодисаи дарёфти ҷасадҳо дар ин шаҳр бо нишонаҳои куштор аст. Мақомот то ҳол хомӯшанд ва сокинони маҳаллӣ ба таҳлука афтодаанд.
Як манбаи “Азия-Плюс” гуфт, кушташудаҳо узви ду оила ҳастанд. Аз онҳо 2 зан ва 2 мард ном бурд.
“Эҳтимол онҳо аз ҷониби шахсони номаълум кушта шудаанд”, - гуфт манбаи мо
Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ навишт, ки яке аз кушташудаҳо Ғайбулло Маҷидов ва ҳамсараш Зарнигор будаанд. Мард 35 сол ва зан 28 сол дошт.
“Аз инҳо се фарзанд ятим монд, шаби ҳодиса онҳоро накуштаанд,”- афзудааст манбаи Озодӣ.
Аз кушташудаҳои дигар Ойиша Шокирова 70-сола ва писараш Ҷавлон Шокирови 44-сола ном бурдаанд.
Маълум нест, ки дар вақти ҳодиса ягон каси дигар дар хона будааст ё не.
Манбаи “Азия-Плюс” гуфт, ки вақте кушташудаҳоро ёфтанд, ки онҳо гарм буданд ва ҳодиса чанд соат пеш содир шуда буд. Маълум нест, ки ҳалокшудагонро кӣ аввал пайдо кардааст.
Мақомот то лаҳзаи нашри ин хабар дар робита ба дарёфти ҷасади 4 нафар дар деҳаи Ҳисораки Конибодом шарҳе надоданд. Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, ШВКД дар шаҳри Конибодом ва дафтари матбуотии ВКД ба зангҳои пайдарпайи “Азия-Плюс” ҷавоб надоданд.
Хомушии мақомот дар робита ба дарёфти ҷасадҳо дар шаҳри Конибодои дар ҳолест, ки дар як ҳафтаи охир ин дуввумин ҳодисаи куштор аст. Қаблан, 6 узви оилаи Неъматовҳо, аз ҷумла 4 кӯдакро дар ин шаҳр кушта дарёфта буданд. Ҷасади сардори оила Неъматов Наимҷон Норматовичи 37-сола дар рӯи ҳавлӣ дар дарахт овезон пайдо шуд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар сару рӯйи Неъматов Наимҷон осори зарбу лат дида мешуд.
Ҷасади аъзои дигари оила, аз ҷумла, ҳамсараш Неъматова Нафиса Набиевнаи 33-сола, фарзандонаш Неъматова Аминаи 13-сола, Фотима ва Зуҳро Неъматоваҳои 10-сола ва Муҳаммадюсуф Неъматови 2-сола дар рӯи хона бо “нишонаҳои буғӣ кардан” дарёфт гардид.
Он замон низ мақомот ҳодисаро шарҳ надода буданд.
Кушторҳои пурасрор дар Конибодом, ки мардумро дар ҳарос нигоҳ дошт
Баъд аз моҳи апрели имсол дар бораи кушта шудани аъзои камаш панҷ оила дар шаҳри Конибодом гузориш расида буд, ки ҷомеаро дар ҳолати тарс қарор дод. Ангезаи кушторҳо норӯшан монда, маълум нест, ин ҳодисаҳо ҳалқаҳои як занҷиранд ё аз ҳам ҷудо.
Ин ҳодисаҳо нигаронии сокинони маҳаллӣ в аназдикони онҳоро дар муҳоҷират ба миён оварданд, зеро ба гуфтаи сокинони шаҳр шахсони ношинос шабона бо ниқоб дар кӯчаҳо мегаштанд ва наворҳо аз гуштугузори онҳо низ дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд.
Он замон низ дар рӯзҳои аввал мақомот ҳодисаи куштори оилаҳоро шарҳ намедоданд.
Танҳо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) бо гузашти беш аз 6 моҳ кушторҳои пайдарпайи пурсарусадо ва гаштугузори шахсони ниқобпӯш дар шаҳри Конибодомро шарҳ дод ва гуфт, “ягон ҳангомаи зиёдатӣ нест, кушторҳои муқаррарӣ аст”.
Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ВКД 8-уми августи соли 2024, гуфт, дар Конибодом дар маҷмӯъ, 4 куштори оилавӣ сурат гирифтааст, ки 2 ҳолаташ ба муноқишаи оилавӣ рабт дорад ва гумонбарони он дастгир гардида, “парвандаи ҷиноятӣ дар марҳалаи ба додгоҳ ирсол кардан аст”.
Вале нагуфт, ки дар пайи ин кушторҳо дар маҷмуъ чанд нафар кушта шуданд ва чанд нафар дар маҷмуъ боздошт гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта, Радиои Озоӣ хабар дод, ки додгоҳҳои Тоҷикистон то ин дам ду касро барои даст доштан дар қатлҳои мармузи Конибодом ба ҳабс маҳкум кард. Марат Сатторов ба ҳабси абад ва Шарифҷон Шаӯров ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.
“Ба кишвари сеюм фиристед ё ҷазо диҳед”. СММ аз Тоҷикистон хостааст, ки афғонистониҳоро ба Толибон насупорад
Барномаи мобилии “Харитаи сайёҳии Тоҷикистон” муаррифӣ шуд. Он чӣ гуна кор мекунад?
122,6 млн сомонӣ зиёдтар аз соли равон. Маблағи Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон дар соли 2025 муайян шуд
Раиси вилояти Хатлон ба сохтмони Қасри теннис дар Бохтар оғоз бахшид
Сарвазири Қирғизистон аз вазифа рафт
Маҳдудияти навбатӣ барои муҳоҷирон. Дар Волгоград табибӣ, омӯзгорӣ ва ронандагӣ ба муҳоҷирон манъ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Пандҳои паранда”
Ҷасади як сокини Бадахшон пас аз шаш моҳ пайдо шуд
Размикори тоҷик Доробшоҳ Наботов натавонист ба UFC роҳ ёбад. Кӣ монеъа шуд?
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста