Бегоҳии дирӯз, 19-уми май, дар як бинои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон сӯхтор сар задааст. Дар ин бора Сарраёсати хадамоти оташнишонӣ хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, ин ҳодиса соати 16:42 дақиқа рух додааст.
Сарраёсати хадамоти оташнишонӣ гуфтааст, ки сӯхтор “дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар сехи хурди барқтаъминкунии Вазорати мудофиа” сар зада, 50 метри мураббаъро фаро гирифтааст.
Ба гуфтаи манбаъ, оташнишонҳо сари вақт сӯхторро хомӯш кардаанд.
Мақомот гуфтаанд, ки дар пайи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ сабт нашудааст. Вале зарари расида аз ин оташсӯзӣ чӣ қадар будааст, маълум нест.
Сӯхторҳои ба сабаби “расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ” рухдода дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти умда ба шумор мераванд. Дар гузашта низ дар чандин муассисаҳои давлатӣ, корхонаҳо, бозорҳо ва биноҳои истиқоматӣ бо сабаби “расиши кӯтоҳи ноқилҳо” сӯхтор ба қайд гирифта шуда буданд.
Дар ин замина, ниҳодҳои масъули кишвар ҳамеша таъкид мекунанд, ки ҳама биноҳо бояд чораҳои пешгирикунандаро риоя намуда, системаи огоҳсозии сӯхторро насб ва таҷдид кунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста