Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон садамаи мудҳиши рӯзи 28-уми июни соли равон дар роҳи Хуҷанд–Мастчоҳро, ки дар пайи он 7 кас ҷон бохта, 3 тани дигар захмӣ шуданд, шарҳ дод.

Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки 5 тани ҳалокшудаҳо сокинони шаҳри Истиқлол, узви як хонавода буда, ду каси дигар бародарон аз Ӯзбекистон мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, аз Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд гуфтанд, ки миёни фавтидагон ноболиғон низ ҳастанд.

“Дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Ҷаноқ воқеъ дар ҷамоати деҳоти Дадабой Холматов мошини тамғаи “Фолксваген” таҳти идораи шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мошини тамғаи “Тойота”, таҳти идораи сокини шаҳри Мастҷоҳ бархурда, аз роҳ ба берун баромада бо мошини тамғаи “Мерседес”, таҳти идораи сокини шаҳри Хуҷанд бархурди фалокатбор мекунад. Дар натиҷа, 7 мусофир ба ҳалокат расида се тани дигар захмӣ шуданд”,-гуфтанд аз ин ниҳод.

Ба иттилои манбаъ, се нафар, ронандаи мошини “Фолксваген”, шаҳрванди Ӯзбекистон ва ду мусофир, сокинони ноҳияи Мастчоҳ, ки якеашон ноболиғанд, дар беморхона қарор доранд. Вазъи саломатии захмиён чӣ гуна аст, маълум нест.

Бояд гуфт, ки садамаи нақлиётӣ дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳ рӯзи 28-уми июн рух дода, наворҳои ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуданд. Аз наворҳо дида мешуд, ки садама пурқурбонӣ мебошад.

Ёдрас мешавем, ки як моҳи охир, ин дуввумин ҳодисаи мудҳиш дар вилояти Суғд аст. Чанде пеш дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 6 нафар ҷон бохтанд. Дар пайи ин ҳодиса, мақомот ронандаро, ки гуфтанд, сабабгори ҳодиса аст, боздошт карданд.

Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта дар пайи 1 ҳазору 233 садамаи нақлиётӣ 552 нафар (соли 2023 -1 ҳазору 111 садама –  519 кас) ҷон бохта, 1 ҳазору 353 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Мақомот мегӯянд, суръати баланд, вайрон кардани қоидаҳои сабқат ва ҷойивазкунӣ, риоя накардани фосила, гуфтугӯ бо телефони мобилӣ, омилҳои асосии садамаҳои нақлиётӣ мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.