Абдураҳмон Раҳимов, раҳбари пешини ҷамъияти тоҷикони шаҳри Уфаи Русия, дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) даргузаштааст. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар медиҳанд.
Ба иттилои расонаҳо, ҳоли Раҳимов пас аз оббозӣ дар ҳамом бад шуда, баъдан ба ҳалокат расидааст. Рӯзи марги ӯ маълум нест, вале табибони рус гуфтаанд, ки дар бадани Раҳимов осори зарб мушоҳида нашуда, "маргаш табиӣ аст". Тасдиқи ин гуфтаҳо тавассути манобеи дигар ғайрииимкон аст.
Абдураҳмон Раҳимов моҳи июни соли ҷорӣ бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ба 13 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуда буд.
Қазияи ӯ ба фаъолиятҳояш дар бозори Затонскии Уфа, ки ӯ дар солҳои 2000-ум дар таъсиси он саҳм дошт, рабт мегирад.
Ба гуфтаи манобеи расонаҳо, “Раҳимов ва шариконаш аз тоҷирон бо роҳи тамаъҷӯӣ пул меситонданд. Онҳо ба тоҷирон қарз дода, фоизи онро зикр намекардаанд ва вақти талаб маблағи бештар мехостаанд”.
Аммо Абдураҳмон Раҳимов ин иттиҳомро рад кардааст ва гуфта мешавад, ки вакили дифои ӯ аз болои ҳукм ба Додгоҳи олии Бошқирдистон шикоят бурдааст.
Хабари марги собиқ роҳбари диаспораи тоҷикони шаҳри Уфаро то ҳол мақомоти Русия расман тасдиқ ё рад накарда, ҷузъиёти онро ҳам нагуфтаанд.
Назари пайвандони Абдураҳмон Раҳимов дар ин бора дастрас нест.
Дар ҳамин ҳол, муҳоҷирони тоҷик ва аъзоёни диаспораи тоҷикон шубҳа доранд, ки марги ӯ табиӣ бошад.
Дар гузашта ҳолатҳои зиёди марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз сабаби ҳамлаҳои нажодпарастӣ, садамаҳои корӣ ё бад шудани саломатӣ дар шароити бади зист ва кор бидуни кумаки тиббии муносиб ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳаводисе ҳам расонаӣ шуда буд, ки муҳоҷирони тоҷик дар боздошт бар асари латукӯби полиси Русия фавтидаанд. Аз ҷумла, муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик Фаррух Урозов бар асари дастикам 75 зарбаи афсарони пулиси шаҳри Солнечногорск ба ҳалокат расидааст.
Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва расонаҳо борҳо дар бораи шиканҷа ва марги афроди боздоштшуда дар маҳбасҳои Русия гузориш додаанд, ки баъзеи онҳо аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ буданд. Сабабҳои марг аксаран "худкушӣ" ё "мушкилоти саломатӣ" эълон мешаванд, аммо наздикон ва фаъолон ба ин далелҳо шубҳа доранд.





Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста