Дар нимаи аввали соли 2025 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 89 ҳодисаи ғарқшавӣ (соли 2024 — 86 ҳодиса) сабт шуда, дар пайи онҳо 91 нафар (соли 2024 — 86 нафар) ҷон бохтаанд. Ҳамчунин, 11 нафар аз ин теъдод, қасд ба ҷони хеш тавассути ба дарё андохтани хеш кардаанд.
Дар ин бора Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ сабаби ғарқ шудани онҳоро ба риоя накардани қоидаҳои оббозӣ, беэҳтиётӣ, беназоратии волидон, садамаи нақлиётӣ, худкушӣ, мастӣ ва дигар омилҳо рабт дод.
Ба гуфтаи Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, 22 нафари ғарқшудаҳо зан (24%) ва 69 каси дигар (76%) мард будаанд.
Ин нафарон дар минтақаҳои зерин ғарқ шудаанд:
– дар ВМКБ — 14 нафар;
– вилояти Хатлон — 41 нафар;
– вилояти Суғд — 17 нафар;
– Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 12 нафар;
– шаҳри Душанбе — 7 нафар.

Аз шумораи умумии ғарқшудагон:
– 10 нафар — то синни 4-сола;
– 18 нафар — аз 5 то 10-сола;
– 17 нафар — аз 11 то 16-сола;
– 30 нафар — аз 17 то 35-сола;
– 16 нафар — аз 35-сола боло будаанд.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ изҳор дошт, ки дар 6 моҳ, ҳамчунин, 20 нафари дигар аз ғарқшавӣ наҷот дода шудаанд.
Ба иттилои Кумита, маконҳои оббозӣ дар ҳар шаҳру навоҳӣ муайян шудаанд ва ҳолатҳои ғарқшавӣ аксаран дар ҷойҳое, ки оббозӣ манъ шудааст, ба қайд гирифта мешавад. Дар робита ба ин, мақомоти кишвар пайваста ба сокинон ҳушдор медиҳад, ки аз оббози дар маконҳои мамнӯъ худдорӣ кунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста