Бо гузашти ду ҳафта ҷустуҷӯи ҷасади ду сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон, ки дар дарёи Вахш ғарқ шуданд, натиҷа надодааст. Онҳо ду ҳафта пеш дар қаламрави Ҳарбмайдон, ки аз қисми низомияшон ба ин машқгоҳ сафарбар шуда будаанд, дар об ғарқ шуданд. Сабаби ғарқ шудани сарбозон маълум нест.
Миралӣ Ҳалимзода, муовини сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” гуфт, корҳои ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандону мутахассисони Ситоди КҲФ дар вилояти Хатлон идома дорад, вале то ҳол натиҷае надодааст.
“Дар рафти корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади як сокини шаҳри Душанбе, ки 20 рӯз пеш дар назди пули Қизилқалъа ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда буд, пайдо гардида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд. Ин ҷавон ҳангоми аз Душанбе омадан дар назди пули Қизилқалъа истода, оббозӣ мекунад, вале ғарқ мешавад”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Миралӣ Ҳалимзода афзуд, кӯшиш доранд, ҷасади сарбозонро ҳарчӣ зудтар пайдо кунанд. Вале ба гуфтаи ӯ, аз сабаби баланд будани маҷрои оби дарёи Вахш ва бо шиддат ҷорӣ шудани он ғавосҳо кор карда наметавонанд ва кофтуковро мкшкил кардааст.

“Бригадаҳои наҷотдиҳии мо танҳо тариқи лоткаҳо корҳои ҷустуҷӯиро идома медиҳанд”, гуфт ӯ.
Бори аввал дар бораи ғарқ шудани ду сарбози яке аз қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён субҳи имрӯз, 6-уми август Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳои худ хабар дод.
Ин расона аз сарбозони ғарқшуда Солеҳ Худойбердиеви 19-сола ва Равшан Муҳаммади 20-сола ном бурд ва навишт, ки ҳодиса арӯзи 30-юми июл рух додааст.
Ҳамасола, махсусан, бо фарорасии фасли гармиҳо даҳҳо нафар дар каналу дарёҳои Тоҷикистон ҳангоми оббозӣ ё ҳаводиси дигар ғарқ мешаванд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ним соли 2025 дар кӯлу дарёҳои 91 нафар (соли 2024 — 86 нафар) ғарқ шуда, ҷон бохтаанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста