Хадамоти оташнишонии ноҳияи Рашт мегӯяд, дар як рӯз дар кӯҳу пуштаҳои минтақаи Рашт ду ҳодисаи сӯхтор сар задааст, ки сабаби оташгирии якум, оташбозӣ буда, омили сӯхтори дуввум то ҳол маълум нест.
Навори сӯхтор дар кӯҳҳои минтақаи Рашт дар рузҳои истироҳатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва боиси нигаронии корбарон ва аҳолии маҳаллӣ гардид.
Аминҷон Қурбонзода, як масъули Хадамоти оташнишонӣ дар ноҳияи Рашт дар сӯҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳарду ҳодиса рӯзи 15-уми август дар минтақаи Сари Пули шаҳракаи Ғарм ва дараи Камароби ноҳияи Рашт сар задаааст
Манбаъ афзуд, сӯхтор дар пуштаҳои минтақаи Сари Пули шаҳракаи Ғарм ҳудуди 10-12 гектарро фаро гирифта, сабаби он оташбозӣ мебошад. Он худи ҳамон рӯз, давоми 4 соат хомӯш карда шудааст.

“Сабаби оташ гирифтани дараи Камароб маълум нест ва оташ ҳудуди васеъро ҳам фаро нагирифтааст. Он танҳо ҳудуди 10-15 сотихро фаро гирифтаасту халос”- гуфт ӯ.
Манбаъ тасдиқ кард, ки айни ҳол сӯхтор пурра хомӯш карда шуда, ягон хатар вуҷуд надорад.
Пештар аз ин, 14-уми август дар кӯҳу теппаҳои назди сарҳадии вилояти Суғд низ сӯхтор сар зада буд, ки ба гуфтаи мақомот сӯхтор аз Ӯзбекистон гузаштааст.
Сӯхтор гирифтани кӯҳу теппаҳои кишвар ду моҳи охир аҳолиро нигарон кардааст. Мақомот низ тасдиқ менамояд, ки имсол дар кишвар сӯхтор зиёд шудааст, ки сабаби он гармии зиёд ва бемасъулиятии бархе аз сокинон гуфта мешавад.
Оҷонсии хоҷагии ҷангал дар нишасти матбуотии худ гуфт, имсол дар ҷангалҳои 9 шаҳру навоҳии кишвар сӯхтор сар зада, беш аз 434 гектарро фаро гирифтааст.
Қаблан, Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон аз мавсими хавфи сӯхтор дар минтақаҳои кӯҳӣ хабар дода, гуфта буд, ки хавфи сӯхтор аз 15-уми апрел то 15-уми ноябр давом мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста