Имрӯз, 3-юми сентябр дар Сафорати ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон ба хотири гиромидошти ҷонбохтагони зилзилаи шаби 31-уми август ва 1-уми сентябр, ки беш аз 1400 кушта ба ҷой гузошт, дафтари ёдбуд кушода шуд.
Дар ин бора аз сафорат ба "Азия-Плюс" хабар дода, гуфтанд, парчами Афғонистон ба ҳолати нимаафрошта даромад, "то нишоне аз андӯҳ ва ҳамбастагӣ бо мардуми доғдори Афғонистон бошад".
Манбаъ гуфт, касе аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафорат наомад, вале Сироҷиддин Муҳриддин, вазир, ба далели дар хориҷи кишвар будан, тариқи телефон ба Зоҳири Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон изҳори таслият баён кардааст.
Ҳамчунин, як зумра олимону зиёиёни тоҷик ҳам ба сафорат рафта, ба мардуми Афғонистон ҳамдардӣ баён кардаанд.
Барои арзи таслият инчунин сафирону масъулони Эрон, Олмон, Русия, Ӯзбекистон, Беларус, Фаронса, Суис, Ҷопон, Туркманистон, Озарбойҷон, Ҳинд, Куриё, Фаластин ва дигар кишварҳо ба Сафорати Афғонистон дар Душанбе омадаанд.
Бояд гуфт, ки дафтари ёдбуд танҳо барои як рӯз боз гардид.
Ёдовар мешавем, ки бар асари заминларзаи шадиди 6-балла, ки шаби 31-уми август ба 1-уми сентябр дар шарқи Афғонистон рух дод, тибқи иттилои охир, беш аз 1400 кас ҷон бохта, ҳудуди 2500 тани дигар захмӣ шуданд.
Дирӯз, 2-юми сентябр ВКХ кишвар, дар робита ба ин ҳаводис ҳамдардии Тоҷикистонро ба мардуми азиятдидаи ин кишвар ирсол кард.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста