Имрӯз, 11-уми сентябр, дар як бинои баландошёнаи истиқоматӣ, воқеъ дар ноҳияи Синои дар шаҳри Душанбе сӯхтор сар задааст. Навори сӯхтор нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, ки таваҷҷуҳи корбаронро ҷалб кард.
Аз Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сӯхтор соати 12:37 дар бинои баланошёна воқеъ дар кӯчаи Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои пойтахт рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, сӯхтор дар пешайвони ошёнаи ҳафтуми бинои истиқоматӣ, тахминан масоҳати 10 метри мураббаъро фаро гирифтааст.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки кормандони оташнишонӣ нахуст сокинони биноро аз минтақаи оташгирифта наҷот дода, сипас сӯхторро хомӯш кардаанд.
“Сӯхтор бо истифодаи 5 адад нақлиёти оташнишонӣ то соати 13:32 дақиқа ба пуррагӣ хомӯш карда шуд. Сабаб ва зарари ҳодисаи сӯхтор аз ҷониби мутахассисони соҳа муайян карда мешавад. Дар натиҷаи сӯхтор ягон нафар осеб надидааст”,-гуфтанд аз ин ниҳод.
Дар навори сӯхтор, ки нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, дида мешавад, ки як ошёнаи бинои баландошёна оташ гирифта, шуълаҳои он ба дигар ошёнаҳо низ мерасад.
Бояд гуфт, ки оташ гирифтани биноҳои истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе солҳои ахир зиёд иттифоқ меафтад, ки мақомот аксаран сабаби онро расиши ноқил ё аз беэҳтиётии худи сокинон унвон медиҳанд.
Аз ҷумла, шоми 8-уми апрели соли ҷорӣ дар яке аз биноҳои 12-ошёнаи кӯчаи ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи ноҳияи Шоҳмансур сӯхтор сар зад. Он замон ду корманди қаҳвахонаи “Ланджоу”, ки дар ошёнаи якуми ин бино ҷойгир аст, то омадани кормандони сӯхторхомӯшкунӣ сокинонро аз коми оташ наҷот доданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста