Субҳи 13-уми сентябр дар қисме аз бинои Театри миллии Тоҷикистон, ки ҳоло сохтмони он ҷараён дорад, сӯхтор сар задааст. Мақомот мегӯянд, оташгирӣ дар анбори нигоҳдории масолеҳи сохтмонии ин бино рух дода, гунаҳкор ва зарари расида муайян мешавад.
Аз Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сӯхтор соати 10:20 сар зада, кормандони оташнишонӣ онро дар муддати 1 соату 20 дақиқа хомӯш кардаанд.
“Фавран ба ҷойи ҳодиса 4 адад нақлиёти оташнишонӣ сафарбар карда шуд. Сӯхтор соати 10:40 иҳота карда шуда, соати 12:01 пурра хомӯш карда шуд. Сабаб, гунаҳгор ва зарари сӯхтор аз ҷониби мутахассисони соҳа муайян карда мешавад”,-гуфтанд аз ин ниҳод.
Навори сӯхтори театр нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, ки таваҷҷуҳи корбаронро ҷалб кард. Дар ин навор дида мешавад, ки аз бинои Театри миллӣ, ки сохтмони он идома дорад дуди ғализ боло мебарояд.
Тибқи иттилои расмӣ бинои Театри миллии Тоҷикистон 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминиро дарбар гирифта, баландии бино 34,5 метр хоҳад буд. Ҳоло дар сохтмони он 500 коргар фаъолият мекунанд.
Моҳи апрел ҳукумати кишвар барои идомаи сохтмони бинои Театри миллӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди муътадилгардонии рушди иқтисод 30 миллион сомонӣ пешбинӣ кард.
Бояд гуфт, ки хишти аввали бинои Театри миллии Тоҷикистон соли 2015 гузошта шуда, интизор меравад, соли 2026-ум дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлол давлатӣ ба истифода дода шавад.
Дар ин миён, соли 2017 сохтмони ин бино бо сабаби ҷой доштани мушкилиҳои молӣ, боздошта шуд. Моҳи июли соли 2024 сохтмони Театр аз нав оғоз гардид.
Бояд гуфт, ахиран дар шаҳри Душанбе дар биноҳои навсохтмон ҳодисаҳои сӯхтор зиёд сабт мешавад. Чанде қабл дар Варзишгоҳи нави Душанбе, ки сохтмони он идома дорад, оташгирӣ сар зад. Мақомот дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки сӯхтор дар минтақаи ҷамъоварии қуттиҳои холии чӯбин, масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоте, ки истифода шудаанд, рух додааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста