Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон гуфтааст, ки сабаби асосии канда шудани пораи пиряхи азими “Деҳдал” (Дидал) дар ноҳияи Тоҷикобод “баландшавии ҳарорати ҳаво ва набудани боришот дар давраи тӯлонӣ” мебошад.
Ин ниҳод бо баргузории нишасти матбуотӣ рӯзи 31-уми октябр гуфт, гармии ҳаво ба обшавии шадиди пирях ва тағйири тавозуни обӣ оварда расонидааст.
Ҳодисаи ҷудо шудани қисме аз пиряхи бузурги "Деҳдал" ва ба поён лағжидани он рӯзи 25-уми октябр дар қаторкӯҳҳои "Пётри 1" дар ҳудуди деҳаи Сафедоби ҷамоати Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод рух дод. Навори ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам паҳн гардида, таваҷҷуҳи зиёди корбаронро ҷалб кард.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) он вақт гуфта буд, дарозии ин пиряхи кандашуда ҳудудан 2 километр буда, баландиаш 25 метр ва паҳнои он 150-200 метр аст. Аммо дар хабари Оҷонсии ҳавошиносӣ гуфта мешавад, ки баландии пораи ҷудо шуда то 1500 метр дарозӣ ва 50 метр баландӣ доштааст.
Ба иттилои КҲФ ин воқеа талафоти ҷониву хисороти дигар надошт.
“Аммо мутахассисон мегӯянд, бар асари бориши боронҳои шадид ва такроран канда шудани порае аз баданаи пиряхи бузург, метавонад ба хоҷагиҳои деҳаи Гулрези ҷамаоти Қалъаи Лаби Об хатар дошта бошад”, - гуфта буд ин ниҳод.
Ба иттилои манбаъ, пирях тақрибан дар 15 дақиқа беш аз 5 километр ҳаракат кард.

Пиряхи “Деҳдал”
Пиряхи ҳаракаткунандаи "Деҳдал"-и ҳавзаи дарёи Сурхоб дар нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи "Пётри 1" дар баландии 4600 метр аз сатҳи баҳр сарчашма мегирад ва забонаи он дар баландии 3000–3050 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Дарозии он ба 4,8 км ва масоҳаташ ба 1,6 км² баробар аст.
Пиряхи "Дехдал" ба навъи пиряхҳои ҳаракаткунандаи дохилӣ шомил шуда, суръати ҳаракати он аз якчанд сантиметр то якчанд метр дар як сонияро ташкил медиҳад.
Аз пирях дарёчаи Сафедоб ҷорӣ мешавад. Дарозии ин дарёча ба 12–14 км баробар буда, яке аз шохобҳои чапи дарёи Сурхоб ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон дар чанд даҳсолаи охир 100 пирях пурра аз байн рафтааст. Дар Тоҷикистон айни ҳол “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” амалӣ мегардад.





Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста