Дар пайи чаппа шудани як қаиқ дар дарёи шаҳри Норак, 7 нафар ғарқ шуда, 3 танашон ҷон бохтаанд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) хабар дода, навиштааст, ки онҳо шаби 21 ба 22-юми декабр мехостанд аз тарафи ҷамоати Дуконии шаҳри Норак ба тарафи деҳаи Гирдоби ҷамоати Пули Сангини ҳамин шаҳр гузаранд, вале дар наздикии соҳил қаиқашон чаппа шуда, боиси ба дарё афтодани мусофирон шудааст.
Дар пайи ин ҳодиса, 4 тан, ки сокинони шаҳри Нораканд, аз об зинда берун шудаанд. Се тани дигари онҳо, ки яке сокини ноҳияи Ёвон ва дуи дигар сокинони шаҳри Норак будаанд, ҷони худро аз даст додаанд.
Ин ниҳод аз шахсони ҷонбохта ном набурдааст, вале гуфтааст, ҷасадҳои онҳо дарёфт ва ба мақомоти дахлдор супурда шудаанд.
КҲФ аз онҳое ки зинда аз об берун оварданд чунин ном бурдааст:
Саидов Бадриддин;
Назаров Назарбек;
Ҳақбердиев Холмирзо;
Саидов Босит.
“Дар иртибот ба ин ҳодиса Кумита аз шаҳрвандоне, ки дар ин дарё ба қаиқронӣ машғул мебошанд, хоҳиш менамояд, ки қоидаҳои бехатарии қаиқрониро риоя карда, қаиқҳои худро бехатар ва муносиб ба фасли зимистон кунанд”, - гуфтааст КҲФ.
Ин ниҳод ҳамчунин, аз сокинон хостааст, ки талаботи бехатариро риоя карда, аз истифодабарии қаиқҳои тобистона худдорӣ намоянд.
Ҳамасола, даҳҳо нафар дар каналу дарёҳои Тоҷикистон ҳангоми оббозӣ ё ҳаводиси дигар ғарқ мешаванд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ним соли 2025 дар кӯлу дарёҳои 91 нафар (соли 2024 — 86 нафар) ғарқ шуда, ҷон бохтаанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста