Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб ҷон бохтани Райҳона Хайриддиноваи 19-сола ва ҳоҳари шавҳараш – Р.Ҳ 10-соларо дар пайи қатъи барқ ва "задани барқ"-и муҳаррики барқдиҳӣ (движок) дар ҳаммоми хонаашон тасдиқ кард.
Як манбаъ аз ин ниҳод гуфт, ҳодиса шаби 21-уми декабр дар ҳамоми хонаи шавҳари Хайриддинова дар маҳаллаи Нурободи шаҳри Кӯлоб рух дода, онҳо бинобар хомӯш шудани барқ аз муҳаррики барқдиҳӣ (движок) истифода кардаанд ва “кадом симе луч будааст ва онҳоро барқ задааст”. Райҳона Хайриддинова як рӯз пеш арӯсӣ доштааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ҷасади наварӯс ва хоҳари шавҳараш рӯзи 22-юми декабр баъд аз намози пешин ба хок супорида шудаанд.
Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест.
Дар бораи иттифоқи ин ҳодиса бори нахуст “Радиои Озодӣ” дар такя ба манбаи худ аз идораи пулиси Кӯлоб иттилоъ дода, гуфта буд, ки муфатишони ин ниҳод сабаби марги онҳоро таҳқиқ доранд.
Назари хонавода ва дигар наздикони ҷонбохтагон маълум нест.
Бояд гуфт, бо оғози мавсими тирамоҳу зимистон ва ҷорӣ гардидани маҳдудияти барқ шаҳрвандон аз воситаҳои гармидиҳанда ва барқзои иловагӣ истифода мекунанд. Ҳодисаҳои фоҷеабор низ, ки бо истифода аз ин воситаҳо сурат мегиранд, дар ин мавсим кам нестанд.
Ёдовар мешавем, ки чанд ҳафта пеш дар Рашт як зану шавҳар, ки ду моҳ қабл хонадор шуда буданд, дар пайи заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҷон бохтанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста