Мақомоти Қазоқистон ба далели сардии ҳаво ва шароити хатарноки роҳ, автобусе, ки дар он 81 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла, 17 кӯдак қарор доштанд, боздошта, мусофирони онро ба ҷои гарм интиқол додаанд.
Дар ин бора Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон рӯзи 17-уми январ хабар дода, навиштааст, ки ин автобуси байналмилалӣ дар шаҳри Кокшетау вилояти Оқмола боздошта шуд. Маълум нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз кадом самт сафар доштанд. Аксаран шаҳрвандони Тоҷикитстон тавассути Қазоқистон ба Русия мераванд ё бармегарданд.
Ба гуфтаи мақомоти қазоқ, мусофирон ба як меҳмонхонаи шаҳрӣ интиқол ёфта, ба онҳо кумаки зарурӣ расонида шудааст. Мусофирони тоҷик аз мақомоти қазоқ барои кумакашон сипосгузорӣ кардаанд.
Ҳодисаи аз сардӣ наҷот додани муҳоҷирони тоҷик дар ҳудуди Қазоқистон нав нест. Қаблан, низ мақомоти ин кишвар чанд нафарро, ки аз Русия тариқи ин кишвар ба Тоҷикистон бермегаштанду автобусашон дар роҳ вайрон шуд, наҷот дода буданд.
Бояд гуфт, ки бо далели гарон будани чиптаҳои ҳавопаймои Русия ва Тоҷикистон аксари муҳоҷирон тавассути автобус ба ватан бармегарданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста