Шаби гузашта, 5-уми феврал дар нуқтаҳои фурӯши қисмҳои мошини ҶДММ “Маҳмадуллои Давлат”, маъруф ба “морги Автосентр” дар шаҳри Душанбе сӯхтор сар зад.
Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, субҳи 6-уми феврал хабар дод, ки оташсӯзӣ 2 раста ва 74 нуқтаи савдои қисмҳои мошинро дар масоҳати 2000 метри мураббаъ фаро гирифтааст.
“Дар натиҷаи амалиётҳои фаврӣ ва саривақтии кормандони ХДО сӯхтор дар соати 23:35 дақиқа иҳота карда шуда, соати 00:10 дақиқа дар масоҳати аввалааш ба пуррагӣ хомӯш карда шуд”,-навиштааст манбаъ.
Ҳоло сабаби рух додани сӯхтор ва хисороти он маълум нест. Ин макон дар кӯчаи Ҷанубӣ 1-и ноҳияи Фирдавсӣ воқеъ аст.
Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ҷиҳати муайян кардани сабаби сар задани оташсӯзӣ ва миқдори хисороти он гурӯҳи корӣ таъсис ёфта дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.
Навори сӯхтори макони мазкур шаби гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида, таваҷҷуҳи зиёди корбаронро ҷалб карда буд. Дар навор дида мешавад, ки алангаи оташ масоҳати калонро фаро гирифта дуди ғализи он дар қисме аз ин маҳалла мушоҳида мешавад.
Ҳамасола садҳо ҳодисаи сӯхтор дар бинову иншооти давлативу хусусӣ, бозорҳо ва марказҳои хидматрасониву савдо рух медиҳад, ки молу мулки давлативу хусусиро ба коми худ мекашад. Аз ҷумла, чанд соли охир сӯхтори бозорҳо дар кишвар зиёд шудааст.
Ахиран дар мағозаҳои қолин, кӯрпаворӣ ва кошонаи ҳусн дар ҳудуди бозори “Корвон” сӯхтор рух дод.
Пештар аз ин шаби 12 ба 13- уми ноябри соли гузашта дар бозори “Гулистон”-и шаҳри Панҷакент, ки бо номи “Латтабозор” низ машҳур аст, сар зад, ки дар пайи он 280 нуқтаи савдои дохили бозор ва 20 мағозаи ҳамшафати бозор сӯхтанд.
Мақомот аксаран сабаби сӯхторҳоро риоя нашудани коидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ё расиши ноқилҳо мегӯянд. Соҳибкорони аз сӯхтор зарардида шикоят карда буданд, ки дар пайи чунин сӯхторҳо молу колои онҳо ба коми оташ меравад, вале баъдан касе ба онҳо ҷуброн намекунад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста