Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари ҳамсояи Афғонистон аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 1 тонна маводи мухаддирро мусодира карда, дар қаламрави ин кишвар чор лабораторияи истеҳсоли онро нест карданд.
Муовини аввали директори агентӣ Вайсиддин Азаматов дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки сатҳи ҳамкории мақомоти қудратии Тоҷикистону Афғонистон қаноатбахш аст. Вай баён дошт, ки чанде қабл дар агентӣ бо вазири корҳои дохилии Афғонистон мулоқот доир гардид, ки дар он бобати роҳандозии ҳамкориҳои самарабахш дар мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир як қатор пешниҳодҳо ироа гаштанд.
В.Азаматов таъкид сохт, ки маълумоти изҳордоштаи вазири корҳои хориҷии Афғонистон оид ба дар 22 вилояти Афғонистон барҳам додани кишти нашъа саҳеҳ аст. «Масалан, дар вилояти Бадахшон соли гузашта бори нахуст кам гардидани заминҳои кишти нашъа ба мушоҳида расид, - гуфт ӯ. - Дар вилоятҳои шимолии Қундуз ва Тахор истеҳсоли нашъа умуман ба қайд гирифта нашудааст».
Мавсуф зикр кард, ки айни замон дар кишвари ҳамҷавор маъракаи фаъоли нест кардани киштзорҳои нашъа ҷараён дорад ва аз ин рӯ, шояд соли равон ҳаҷми истеҳсоли он зиёд нагардад (соли гузашта дар Афғонистон ба миқдори 8,2 тонна ҳосили нашъа ҷамъоварӣ карда шуда буд).
Ёдовар мешавем, ки дар шаш моҳи соли 2008 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ 52 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор сохта, ба миқдори 952 кило маводи нашъаоварро мусодира карданд, ки 241 килои он ҳероин буда, 426 килояш афюнро ташкил медод. Дар маҷмӯъ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввал 3 тоннаву 568 кило маводи мухаддирро мусодира карданд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои соли гузашта 24,3 дарсад бештар аст.



Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста