Душанбе. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар истгоҳи қатораи мусофирбари пойтахт кормандони шӯъбаи мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии Раёсати умури дохилӣ дар нақлиёт ба гумони нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир толибилми синфи даҳуми мактаби миёнаи рақами 5-и шаҳри Кӯлобро дастгир намуданд.
Аз дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳангоми кофтукови борхалтаи боздоштшуда ҳудуди 1 кило маводи мухаддири навъи марихуана дарёфт ва мусодира карда шудааст.
«Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, нашъафурӯш ба ҳабс гирифта шуд», - афзуд манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста