Душанбе. 4-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Додситонии шаҳри Душанбе сокини шаҳри Душанбе, Сӯҳроб Тангриеви 23-соларо ба ҳабси якумра дар зиндони низоми махсус маҳкум кард.
Раиси мурофиа, додрас Фахриддин Дадометов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки С.Тангриев тибқи моддаҳои 104, қ. 2 (Одамкушӣ) ва 244, қ.2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Дуздӣ) гунаҳкор дониста шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар таърихи 25-уми апрели соли ҷорӣ С.Тангриев тағои худ Яшин Юлдошев ва ҳамсари ӯ Роҳиларо ба қатл расонида, пулҳои дар хона бударо низ барои гузаронидани ҷашни зодрӯзаш медуздад.
Я.Юлдошев муддати солҳои тӯлонӣ дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият намудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста