Душанбе. 10-уми сентябр. ОИ «Азия-плюс» - Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои пойтахт ба гумони даст доштан дар дуздӣ ба миқдори ниҳоят зиёд сокини шаҳри Душанбе Дилшод Элбековро боздошт намуданд.
Сардори дафтари матбуоти Вазоарти умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки боздоштшуда моҳи маи соли 2007 қулфҳои ду устохонаи истеҳсол ва таъмири маснӯъоти ҷавоҳироти «Рембиттехника»-ро шикаста, аз он ҷо ба маблағи 16 ҳазору 570 сомонӣ тилловорӣ ва ҷавоҳирот ба яғмо мебарад.
Ба қавли М.Асадуллоев, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тайи як сол ӯро ҷустуҷӯ доштанд. «Ҳангоми дастгир намудани ғоратгар, қисмате аз тилловориҳо ва ҷавоҳирот дарёфт гардида, қисмати дигарро боздоштшуда фурӯхта, барои эҳтиёҷоти шахсӣ истифода бурдааст», - изҳор дошт манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста