Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба Русия ҷилавгирӣ карданд.

Аз дафтари матбуоти хадамоти гумрук ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир чанде қабл сокини ноҳияи Роштқалъа, мусофири хатсайри парвози ҳавопаймои Душанбе-Самара Бахтиёр Ҷунайдов боздошт гардид.

«Ҳангоми азанзаргузаронии борхалтаи сафарии ӯ ошкор гашт, ки Б.Ҷунайдов тавассути дар дохили зардолуи хушк ҷой кардан ният доштааст, 2 кило маводи сахттаъсири героинро ба хориҷи кишвар интиқол бидиҳад», - изҳор дошт манбаъ. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.