15-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар пайи амалисозии лоиҳаи «Баргузории чорабиниҳои огоҳкунӣ ва пешгирии нашъамандӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон (ВМКБ) ва ноҳияҳои тобеи марказ» гурӯҳи таблиғотии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон озим Бадахшон гашт.
Як корманди масъули агентӣ Алишер Ташрифов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки тибқи нақшаи кории лоиҳа, бо сокинони вилоят баргузории чорабиниҳои таблиғотии фаҳмондадиҳӣ ва маърифатии пешгирии нашъамандӣ, ҷалби таваҷҷӯҳ ба мушкилоти қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории марбут ба маводи мухаддир дар назар аст.
Ба гуфтаи намояндаи агентӣ, тӯли се ҳафта гурӯҳи таблиғотӣ, ки ҳайати он аз мутахассисони агентӣ, табибони бемории нашъамандӣ, арбобони шинохтаи ҷумҳурӣ, намояндагони мақомоти дахлдор ва васоити ахбори омма иборат аст, қариб аз ҳамаи ноҳияҳои ВМКБ боздид намуда, бо мақсади огоҳсозии онҳо аз оқибатҳои ногувори нашъамандӣ ва муайян кардани сатҳи огаҳии онҳо аз ин мушкилот вохӯриву мулоқотҳо доир хоҳанд кард.



Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста