Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Шаби якшанбе аз бозори мошинфурӯшии маҳаллаи Гипрозем автомобили навъи «Опел-Астра» дуздида шуд.
Аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сокини шаҳри Душанбе Ҷовид Одилов бо ариза дар бораи гум шудаи автомашинааш муроҷиат кардааст. «Ба гумони даст доштан дар ин кор кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои пойтахт сокини ҳамин ноҳияи шаҳр Инъомҷон Бобоевро боздошт намуданд», - изҳор дошт сарчашма ва афзуд, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот бурда мешавад.
Тибқи маълумоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ дар ҳашт моҳи соли равон дар қаламрави кишвар 53 ҳодисаи дуздии воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта шудааст. «Чун анъана содиркунандагони ин гуна ҷиноятҳо дар муддати як ҳафта ошкор карда мешаванд», - афзуд сарчашма.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста