Душанбе. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ сардухтури беморхонаи кӯдаконаи сили шаҳри Душанбе Сафар Исмоиловро ҳангоми пора додан ба корманди агентии зиддикоррупсионӣ дастгир карданд.
Аз агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳангоми тафтиши фаъолияти хоҷагидории беморхона сардухтур ба корманди агентӣ барои рӯйпӯш кардани камбудиву норасоиҳо 1000 доллари амрикоӣ пора пешниҳод кардааст.
«Исмоилов ҳангоми додани пора дар утоқи кориаш дастгир шуда, айни замон нисбат ба аъмоли ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст», - афзуд манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста