Душанбе. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Тақрибан 50 нафар заноне, ки субҳи 30-уми сентябр дар назди бинои Раёсати Вазорати умури дохилӣ оид ба мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт гирдиҳамоии ғайриқонунӣ баргузор намуда буданд, аз сардори ин раёсат, полковники милиса Мирзохӯҷа Аҳмадов талаб карданд, ки аз шахсони шубҳаноке, ки атрофи ӯ ҷамъ омадаанд, халос шавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Муҳаммадулло Асадуллоев хабар дод.
Ба қавли ӯ, занон аз он изҳори норозигӣ кардаанд, ки ахиран дар гирду атрофи М.Аҳмадов шахсони шубҳаноке ҷамъ омадаанд, ки сокинони ин минтақа нестанд ва онҳо соҳиби силоҳи ғайриқонунӣ ҳам мебошанд.
«Худи ҳамон рӯз кормандони Раёсати Вазорати умури дохилӣ оид ба мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт дар ҳамдастӣ бо намояндагони Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ, ки баҳри таъмини амнияти президенти Тоҷикистон зимни сафар ба водии Рашт дар он ҷо ҳузур доранд, ин шахсони шубҳанокро аз қаламрави минтақа хориҷ карданд», - афзуд манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки имрӯз боздиди кории дурӯаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт оғоз мегардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста