Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ду роҳбалади қатораи Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуданд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанде пеш кормандони Раёсати умури дохилӣ дар нақлиёти вилояти Хатлон дар қатораи хатсайри Кӯлоб-Маскав кормандони КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» - роҳбаладон Шодӣ Ҳасанов ва Алишер Сафаровро, ки ҳар ду сокини ноҳияи Бохтар мебошанд, боздошт намудаанд.
Зимни кофтуков аз онҳо ба миқдори 3 кило маводи мухаддири сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира карда шуд. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Дар 9 моҳи соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 5 тоннаву 15 кило маводи мухаддирро мусодира карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 дарсад зиёдтар аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста