Душанбе. 5-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзҳои наздик Абдурасул Мирзоев, бародари собиқ генерал Ғаффор Мирзоев аз Аморати Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон истирдод мешавад. Собиқ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев моҳи августи соли 2006 ба ҳабси якумра маҳкум гардида буд.
Тавре аз Додситонии кулли ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, А.Мирзоев дар баъзе мавридҳои парвандаи ҷиноии бародараш шарик аст ва ҳамчунин тибқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ гунаҳкор дониста мешавад.
«Истирдоди А.Мирзоев тибқи созишномаи Тоҷикистону Аморати Муттаҳидаи Араб, ки моҳи апрели соли ҷорӣ мавриди амал қарор гирифт, сурат мегирад», - изҳор дошт манбаъ. Зикр гардид, ки парвандаи ҷиноии Ғ.Мирзоев аз ҷониби Додситонии низомии ҷумҳурӣ мавриди тафтиш қарор гирифтааст ва шарҳи дар кадом ҷиноятҳо даст доштани бародари ӯ ба салоҳияти он дохил мегардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста