Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ба қумондони саҳроии собиқ Ҷабҳаи халқии Тоҷикистон, собиқ раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Хӯҷа Каримов аз ҷониби Интерпол пайгарди қонунии байнулмилалӣ эълом карда шуд.
Тавре аз Дафтари марказии миллии Интерпол дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанд рӯз пештар ин дафтар аз кишварҳои узви ташкилот дархост кардааст, то дар ҷустуҷӯ ва истирдоди ин фармондеҳи саҳроӣ мусоидат намоянд, зеро ӯ дар даст доштан дар як қатор ҷиноёт дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гумонбар дониста мешавад. Аз ҷумла, ба ӯ содир намудани ҷиноёти куштор, тамаъҷӯӣ ва ғорат нисбат дода мешавад. Тибқи маълумоти пешакии дафтари Интерпол дар Тоҷикистон, Х.Каримов дар қаламрави давлати Малайзия қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки маълумот дар бораи Х.Каримов аллакай дар гӯшаи «Ҷустуҷӯ»-и сомонаи ташкилоти пулис ҷой дода шудаанд. Тибқи маълумоти ин сомона (
http
//
www
.
interpol
.
int
/
public
/
Data
/
Wanted
/
Notices
/
Data
/2006/43/2006_3343.
asp
), Х.Каримов ба гумони даст доштан дар ҷиноёт зидди ҳаёту саломатӣ, киднепинг ва ташкили ҷинояткории муташаккил ва фаромиллӣ гунаҳкор дониста мешавад.
Ёдрас мекунем, ки Хӯҷа Каримов ба ҳайси фармондеҳи саҳроии Ҷабҳаи Халқии Тоҷикистон, муовини аввали фармондеҳи бригадаи махсуси Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (солҳои 1992-1993) фаъолият кардааст.
Моҳи ноябри соли 1998 дар бинои парлумон ба ҳабс гирифта шуд. Ба ӯ дар ташкили қатли намояндагони мардумӣ С.Шоев ва Т.Шукуров айбнома эълон карданд, вале дере нагузашта ӯ озод шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста