Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Додситонии кулли ҷумҳурӣ бар ин назаранд, ки барои муваффақ гаштан ба коҳиши ҳодисаҳои худкушӣ зарур аст, мисли солҳои шӯравӣ оилаҳои дорои шароити номусоид ба қайд гирифта шаванд.
Тавре аз додситонии кулли ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар 9 моҳи соли равон дар кишвар 450 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 15 ҳодиса бештар аст.
Дар ин давра дар пойтахти ҷумҳурӣ - 72, вилояти Суғд - 177, Хатлон – 97 ва ноҳияҳои тобеи марказ – 29 (танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ - 22) нафар даст ба худкушӣ задаанд. Аз миқдори умумии фавтидагон 240 нафараш зан ва 74 нафар ноболиғ мебошанд.
Тибқи маълумоти додситонии кулл, 214 нафар тавассути худро ба дор овехтан, 132 нафар тариқи худро оташ задан ва 132 нафар бо роҳи истеъмоли маводи заҳролуд даст ба худкушӣ задаанд. Инчунин 9 нафар ғарқ гашта, 32 нафар бар асари расонидани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба худ ба ҳалокат расидаанд.
Манбаъ афзуд, ки соли равон аз рӯи далели ба худкушӣ даст задан тибқи моддаи 109-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ба худкушӣ оварда расонидан) 30 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, 17-то он дар мавриди баррасии додгоҳҳо қарор дорад.
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста