Душанбе. 24-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон гурӯҳи сершумори қочоқчиёни маводи мухаддир ба даст афтод, ки муддати тӯлонӣ дар қаламрави водии Ҳисор ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғул буд.
Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аъзои фаъоли гурӯҳ зимни амалиёти вижа дастгир шуданд. «Амалиёти мазкур тӯли се моҳ идома дошт», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми боздошт ҷинояткорон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муқобилати шадид нишон дода бошанд ҳам, дастгир карда шуданд. «Ҳангоми азназаргузаронии мошини онҳо 20 бастаи селлофанӣ бо ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд, ки вазни умумии он ба беш аз 18 кило баробар буд», - афзуд манбаъ.
Зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, феълан аъзои дигари гурӯҳ ҷустуҷӯ карда мешаванд. Дар даҳ моҳи соли равон аз ҷониби кормандони агентӣ 1 тоннаву 260 кило маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 318 кило ё худ 33,8 фоиз зиёдтар аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста