Душанбе. 27-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Расонаи хабарии «Фергана.Ру» иттилоъ медиҳад, ки додситонии кулли Русия ба дархости президенти Бунёди дифоъи ошкорбаёнӣ Алексей Симонов ва президенти Маркази русии ПЕН Андрей Бутов посух додааст.
Бо истинод ба намояндаи додситонии кулли Русия расонаи хабарӣ иттилоъ медиҳад, ки «феълан дар мақомоти дахлдори додситонии Русия оид ба боздошт ва истирдоди Д.Атовуллоев ба Тоҷикистон ҷиҳати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида ё маҳкум намудан дархост мавҷуд нест».
Гуфта мешавад, ки ҳанӯз соли 2001 Додситонии кулли Русия оид ба истирдоди Д.Атовуллоев ба додситонии кулли Тоҷикистон ҷавоби рад дода буд ва ба Департаменти ҷустуҷӯи ҷиноятии Вазорати умури дохилии Русия супориш дода шуда буд, ки баргузории амалиёти фавриву ҷустуҷӯиро нисбати Д.Атовуллоев манъ намояд. «Дар сурати ворид гаштани дархост аз ҷониби Тоҷикистон умедворем, ки қарори соли 2001 қабулгардида бекор нахоҳад шуд», - гуфта мешавад дар посух.
Дар додситонии кулли ҷумҳурӣ аз додани иттилоот доир ба ин мавзӯъ худдорӣ карданд. Аз Бунёди дифоъи ошкорбаёнӣ тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки 24-уми сентябр ба маъмурияти президенти Русия изҳороти Симонов ва Битов ирсол гардид, ки дар он «оид ба мавриди таъқиб қарор гирифтани рӯзномнигори маъруфи тоҷик изҳори нигаронӣ карда шудааст». Дар изҳорот боисрор талаб карда шудааст, ки бояд ба Д.Атовуллоев «ё паноҳгоҳи сиёсӣ дода шавад ва ё имконот фароҳам оварда шавад, ки ба дигар кишваре биравад, то ба ҳаёту кораш чизе таҳдид накунад».
Ёдовар мешавем, ки ахири моҳи сентябри соли ҷорӣ бо пешниҳоди Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ додситонии кулли Тоҷикистон тибқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон нисбат ба муассиси газетаи «Чароғи рӯз» Додоҷон Атовуллоев парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Айни замон газетаи «Чароғи рӯз» дар хориҷи кишвар нашр шуда, муассиси он дар яке аз кишварҳои Аврупо ба сар мебарад.
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста