Душанбе. 28-уми ноябр - Дирӯз дар додгоҳи салтанатии Бритониё ширкати алюмниуми Тоҷикистон «
TalCo
» даъвояш аз ширкати «Ансол»-ро бозпас гирифт. Шоми чоршанбе иттилоъ нашр шуд, ки дар додгоҳи салтанатии Бритониё дар шаҳри Лондон вакилони ширкати алюмнийи Тоҷикистон
«
Талко
»
мувофиқат кардаанд, даъвояшон аз ширкати Ансоли зери раҳбарии Аваз Назаровро боз пас гиранд. Ҳамин гуна "Ансол
»
ҳам аз даъвояш гузаштааст.
Ҷонибҳо аз додани тафсилот ба матбуот худдорӣ мекунанд. Моҳи октябр дар Додгоҳи Олии Салтанатии Британия даъвои ширкати Талко аз ширкати Ансол оғоз ёфта буд. Коршиносон аз хароҷоти ҳуқуқии бузурги ин муҳокима, ки
ба
"Талко" - ширкати давлатии алюминийи Тоҷикистон даъво дошт, ки собиқ коршарикаш ширкати "Ансол" дар байни солҳои 1996-2004-ум бо истифода аз роҳҳои ғайриқонунӣ то ним миллиард доллари ин корхонаро аз худ намудааст. Ширкати давлатии алюминийи Тоҷикистон бар ин назар буд, ки соҳиби Ансол Аваз Назаров
бо кӯмаки Абдуқодир Эрматов-раиси пештараи "Талко" (он замон корхонаи алюминий Тоҷикистон: ТадАЗ) ба касби ғайришаръии чунин маблағ муваффақ шуд.
Нашрияи британиявии "Times" аз нақли тарафи даъвогар навишта буд, ки бар ивази хидматҳояш "Ансол" ба Эрматов ба маблағи
Вале дар навбати худ Аваз Назаров даъво дошт, ки ширкати "Талко" ба "Ансол" 130 миллион доллар қарздор аст.
Ба гуфти вакили мудофиаи Назаров бо кӯмаки "Ансол" корхонаи алюминийи Тоҷикистон ҳатто дар солҳои ҷанги шаҳрҳвандӣ аз кор намонд. Ҳамчунон вакили Назаров изҳор намуда буд, ки "Ансол" миллионҳо долларро барои татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла сохтмони мактабҳову роҳҳову бемористонҳо масраф намудааст.
Барои ширкат дар оғози муҳокима як ҳайъат аз Тоҷикистон ба Лондон сафар кард, ки дар байни онҳо Садриддин Шарифов, раиси Талко, Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири Тоҷикистон ва собиқ раиси Бонки марказии ин ҷумҳурӣ ва ҳамчунон раиси "Ориёнбонк" Ҳасан Асадуллоҳзода шомил буданд.
Ба қавли коршиносон сабаби сафари чунин ҳайъати бузург ба Лондон ин буд, ки ҷониби Тоҷикистон хавфе ва ё чизе барои пинҳон кардан надошт.
Талко ягона корхонаи тавлиди алюминий дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ба навиштаи хабаргузориҳои Русия соли 2007-ум ин муассиса беш аз 421 000 тонна алюминий истеҳсол намуда буд. Имсол бошад, додугирифти "Талко" ба тахминан 830 миллион доллар баробар будааст.
Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста